Гусели ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ
Санаи 2-юми апрели соли равон дар майдони Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Истиқлол маросими гусели ҷавонони шаҳр ба сафи Артиши миллии кишвар ташкил ва гузаронида шуд.
Дар ин чорабинӣ раиси шаҳри Истиқлол Худойназар Амонзода ширкат варзида, суханронӣ намуданд. Дар баромадашон раиси шаҳр қайд намуданд, ки хизмат дар сафи Артиши миллӣ вазифаи ҳар як ҷавони бонангу ор аст ва имрӯз ҷавонони мо сарбаландона адои хизмат намуда истодаанд. Ҳамчунин раиси шаҳр миннатдории хешро ба волидайне, ки фарзандашон дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ адои хизмати Модар –Ватан намуда истодаанд ва ба падару модароне, ки фарзандашонро ба ин мактаби ҷасорат фиристонида истодаанд баён намуд.
НАШРИ МАҚОЛАИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР МАҶАЛЛАИ “НИГОРИШИ СММ” ТАҲТИ УНВОНИ “ОБ БАРОИ РУШДИ УСТУВОР” (WATER FOR SUSTAINABLE DEVELOPMENT)
Дар ҳошияи иҷлосияи 72-юми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид ба муносибати оғози Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” аз руи ташаббуси навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар шаҳри Ню — Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Америка бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардид, мақолаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Маҷаллаи “Нигориши СММ” таҳти унвони “Об барои рушди устувор” (Water for Sustainable Development) ба табъ расида, пешкаши доираи васеи хонандагон гардид.
Дар ин мақола Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба ҳадафҳо ва зарурати пешниҳоди Даҳсолаи нави байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018 — 2028”, таҳияи тадбирҳо ва натиҷаҳои ташаббусҳои қаблии ҷониби Тоҷикистон оид ба ҳалли масъалаҳои марбут ба оби ошомиданӣ бар нафъи аҳли башар, маълумоти дақиқу пурмуҳтаво ва таклифу пешниҳодҳои асосноку созандаро ба миён гузоштаанд.
ИШТИРОКИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР ЧОРАБИНИИ МУШТАРАКИ ТОҶИКИСТОН БО КИШВАРҲОИ ФАЪОЛ ТАҲТИ УНВОНИ “АМАЛҲОИ АФЗАЛИЯТНОК ДАР СОҲАИ ЗАХИРАҲОИ ОБӢ, ТАҒЙИРЁБИИ ИҚЛИМ, КОҲИШ ДОДАНИ ХАТАРИ ОФАТҲОИ ТАБИӢ ДАР ЧОРЧӮБИ ДАҲСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АМАЛ “ОБ
Нимаи дуюми рӯзи 22 марти соли 2018 дар шаҳри Ню Йорк дар ҳошияи Оғози Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинии муштараки Тоҷикистон бо кишварҳои фаъол таҳти унвони “Амалҳои афзалиятнок дар соҳаи захираҳои обӣ, тағйирёбии иқлим, коҳиш додани хатари офатҳои табиӣ дар чорчӯби Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” иштирок ва суханронӣ карданд.
Дар оғоз Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз анҷоми муваффақонаи муколамаи нахустин бахшида ба оғози “Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” солҳои 2018-2028” қаноатмандию нишоти худро иброз доштанд.
More Articles...
- ИШТИРОКИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР ИҶЛОСИЯИ 72-ЮМИ МАҶМАИ УМУМИИ СОЗМОНИ МИЛАЛИ МУТТАҲИД БА МУНОСИБАТИ ОҒОЗИ ДАҲСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АМАЛ “ОБ БАРОИ РУШДИ УСТУВОР, СОЛҲОИ 2018-2028”
- ИСТИҚЛОЛ ДАР ОҒӮШИ НАВРӮЗ
- ТАБРИКИ РАИСИ ШАҲРИ ИСТИҚЛОЛ ХУДОЙНАЗАР АМОНЗОДА БАХШИДА БА ҶАШНИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ НАВРӮЗ
























