«85 ФОИЗИ ШАХСОНИ ГИРИФТОР БА COVID-19 БИДУНИ ТАБОБАТ СИҲАТ МЕШАВАНД». Суҳбати табиби эрониасли амрикоӣ бо шабакаи телевизионии «Ҷаҳоннамо»-и Тоҷикистон
ДУШАНБЕ, 07.05.2020 /АМИТ «Ховар»/. 5 май дар барномаи «Робита»-и ТВ «Ҷаҳоннамо» роҳбари Пажӯҳишгоҳи байналмилалии саломатӣ ва омӯзиши ИМА дар шаҳри Ню-Йорк доктор Ораш Алоӣ вобаста ба хусусиятҳои бемории COVID-19 ва роҳҳои муассири пешгирӣ аз он бо забони содда ва фаҳмо ва ба таври онлайн бо журналист Мӯсо Абдусаттор суҳбат намуд. Сипас суҳбати мазкур рӯзҳои 6 ва 7 май чанд маротиба тариқи шабакаҳои телевизионии «Тоҷикистон» ва «Синамо» низ пахш гардид.
Табибон ҷисму ҷони одамизод
Тавре мардуми сарбаланди кишвар огоҳанд, имрӯз саросари дунёро вируси COVID-19 фаро гирифтааст, аз ҷумла дар Тоҷикистони азизи мо низ олудашавии одамон ба ин вабои аср ба қайд гирифта шуд. Ҳукумати кишвар тамоми тадбирҳоро роҳандозӣ намудааст, ки зудтар халқи сарбаланду меҳанпараст куҳанбунёд ва соҳибхиради тоҷик ин рӯзҳои сахтро паси сар намояд.
Дастгирии собиқадорони меҳнат
Имрӯз бо мақсади дастгирии собиқадорони меҳнат ба 4 нафар бонувон, ки солҳои тулонӣ дар хоҷагии халқи шаҳр меҳнат намудаанд бахшида ба 75-умин солгарди Рӯзи Ғалаба ва моҳи шарифи Рамазон маводҳо барои пешгирии бемориии COVID-19 аз қабили ниқобҳо, хокаи хлордор, собунҳои моеъ, антисептик ва ғайраҳо тақдим карда шуд. Рафти расонидани маводҳо муроҷиатнома ба мардуми шарифи вилояти Суғд оид ба пешгирии бемории болозик тақдим карда шуда ба онон фаҳмонида дода шуд. Ин иқдом идома хоҳад ёфт.






















