Андешаи муғризонаи сомонаи ифротӣ
Фаъолияти ҳар васоити ахбори омма бояд ба манфиатҳои халқияту миллатҳои гуногун созгор бошад ва барои рушди ҷомеа шароити мусоид фароҳам оварад. Намояндагони расонаҳои иттилоотӣ ашхоси боваринок, баобрӯ ва ҳақиқатнигор бошанд. Вале, мутаассифона, на ҳамаи манбаъҳои хабарӣ ба нафъи башарият ва халқу миллатҳо хизмат мекунанд. Сомонаи «Payom.net» бо мусоидат ва дастгирии бевоситаи кишварҳои хориҷаи маълум арзи ҳастӣ намуда, мақсади ноором гардонидани ҷомеа ва бо ин восита, расидан ба ҳадафҳои ғаразноки худро ба бедор кардани ҳисси бадбинӣ миёни мардумон табдил додааст. Роҳбарони чунин торномаҳо бо ҳидоят ва дастгирии аҷнабиён мардуми одиро бо ҳар иғвою хабарҳои бардурӯғ зидди якдигар равона месозанд.
БАДХОҲИ КАСОН ҲЕҶ БА МАҚСАД НАРАСАД
РАҲОЁБИИ БАДАХШОН АЗ ЧАТРИ ВОПАСГАРОИИ МАҲАЛЛӢ (Масири миллӣ дар амал)
Бо ҳукми тақдир ва зарурати шахсӣ, муаллифи ин сатрҳо, ки марбути доираҳои хабарнигории ҷумҳурӣ мебошам, дар рӯзҳои таърихсози Бадахшон, санаи 12 то 16.10.2018с., ки ба таърихи авҷи мусодираи миқдори силоҳ ва таъмини волоияти қонун баробар омад, шоҳиди дигаргуниҳои куллӣ дар зеҳни мардум ва дар низоми тартиботи ҷамъиятӣ гаштам.






















