Таҷлили Рӯзи оила дар шаҳр
Оила дар ҳама давру замон муқаддас ва рукни ибтидоиву асосии давлат ҳисобида мешавад. Ба хотири тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим, пойдории оилаи хушбахт, маърифати одоби оиладорӣ ва фарҳанги рӯзгордорӣ бахшида ба Рӯзи байналмиллалии оила санаи 16-уми майи соли равон дар толори Қасри фарҳанги шаҳр Маҳфили “Пайванди наслҳо” бо иштироки 5 оилаҳои намунавии шаҳр оилаҳои Ниёзовҳо, Мамарасуловҳо, Юсуповҳо, Усмоновҳо ва Муҳамадиевҳо баргузор гардид. Қобили зикр аст, ки оилаи Ниёзовҳо Ниёзов Нодирмат ва Ниёзова Хурматой бо ҳам зиндагонии якҷояи шастсола дошта, соҳиби 9 фарзанд ва 31 набераю 37 абера мебошанд. баргузор гардид. Сараввал, муовини якуми Раиси шаҳр Шарифзода А. иштирокчиёни чорабиниро бо Рӯзи оила табрику таҳният намуда, қайд намуд, ки ободию маърифат ва фарҳангу ахлоқи ҳар ҷомеа, аз ободию дониш ва маданияти мардуми он, пеш аз ҳама аз оила сарчашма мегирад.
Вохӯрии аҳли маъмурияти Литсей бо хонандагони мактабҳои таҳсилоти миёнаи шаҳр
Санаи 17-уми майи соли равон дар толори мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №2 вохӯрии ҳайати маъмурияти МДТ “Литсейи касбии техникии шаҳри Истиқлол” дар арафаи Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон бо аҳли омӯзгорон ва хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳр баргузор гардид. Мақсад аз баргузории чорабинӣ ҷалби хатмкунандагон барои касбу ҳанаромӯзӣ ба литсей, тарғиби рафтори намунавӣ, масъулияти падару модарон дар таълим ва тарбияи фарзанд, боло бардоштани ҳисси эҳтиром нисбат ба муқаддасоти миллию давлатӣ ва дигар масъалаҳо буд, ки директори литсей Н.Ниёзов, мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиш И.Исроилов ва намояндаи шуъбаи маориф М.Бурҳонов баромад намуданд.
Даври шаҳрии озмуни «Омӯзгори соли Тоҷикистон-2018” ҷамъбаст гардид
Бо мақсади дарёфти кормандони педагогии боистеъдод, навовару эҷодкор, дастгирӣ ва ҳавасмангардонии онҳо, қадрдонии меҳнати омӯзгор ва баланд бардоштани мақому манзалати ӯ дар ҷомеа, тарғиб ва паҳн кардани таҷрибаи пешқадами омӯзгорони беҳтарин дар миқиёси шаҳр озмуни «Омӯзгори соли Тоҷикистон», таҳти унвони «Касби ман - ифтихори ман» ташкил ва гузаронида шуд. Дар асоси Низомномаи озмуни «Омӯзгори соли Тоҷикистон», ки бо қарори мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16.05.2015, №13/1 тасдиқ гардидааст ва фармоиши шуъбаи маорифи шаҳр аз 02.04.2018, №57 санаи 14.05.2018 дар базаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №3-и шаҳр даври ниҳоии озмуни шаҳрии «Омӯзгори соли Тоҷикистон» баргузор гардид. Озмун аз рӯи 7 шарт баргузор гардида, дар он 5 нафар омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳр, Шехова Дилором омӯзгори фанни забони хориҷии МТМУ №1, Муборакшоева Хурмо омӯзгори фанни биологияи МТМУ №2, Қосимова Инобат омӯзгори фанни географ-биологияи МТМУ №3, Норова Дилором омӯзгори синфҳои ибтидоии МТМУ №5 ва Хоҷамирова Ситора омӯзгори фанни забон ва адабиёти МТМУ №6, ки дар даври мактабӣ ҷойҳои аввалро ишғол намуда буданд, байни худ қувваозмоӣ намуданд.
























Мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи раиси шаҳр
Мудири бахши ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ
Мудири бахши кор бо занон ва оилаи МИҲД
Мудири бахши Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии МИҲД-и шаҳр
Сармутахассис бойгонии шаҳр
Мудири шуъбаи АДСИН
Мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳр
И.в. мудири бахш оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии МИҲД
Мудири бахши фарҳанг
