Аёдати собиқадорон
Бахшида ба ҷашни 25-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар раиси шаҳр Худойназар Амонзода ва намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят Очилзода Олимҷон ба дидорбинии якчанд собиқадорони соҳаҳои гуногун рафтанд.
Рафти дидорбинӣ бо собиқадори соҳаҳои гуногун қайд карда шуд, ки ояндаи низ мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истиқлол ба ин табақаи соҳибтаҷриба таваҷҷуҳи хешро равона хоҳад кард.
Шӯрои собиқадорон аз фаъолияти хеш ҳисобот дод
Санаи 21-уми феврали соли 2018 дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ҷаласаи ҷамъбастии Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳанти шаҳр дар соли гузашта ташкил гардид, ки дар он раиси шаҳр ва раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати вилоят Турсунбой Раҳматов ширкат доштанд.
Сараввал раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳр Куйлибоев Р.А. оид ба фаъолияти Шӯро дар соли 2017 ҳисобот дод. Якчанд намояндагони соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи шаҳр ба музокира баромада доир ба саҳми собиқадорон дар ҳаёти ҳамарӯза ва нақши Шӯро дар ташкили корҳои тарғиботӣ баромад карданд.
Корҳои ободонӣ вусъат мегиранд
Санаи 21 –уми феврали соли равон бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти оммавӣ гардонидани варзиш, беҳтар гардонидани шароити зисти сокинон ва ҷалби онон ба тарзи ҳаёти солим раиси шаҳр Худойназар Амонзода аз назди якчанд хонаҳои истиқоматӣ дар маҳаллаи якуми шаҳр дидан намуда, ба масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр доир ба ташкили корҳои ободонӣ, майдончаҳои варзишӣ ва ташкили дигар мавзеъҳои истироҳатӣ бо ҷалби васеи сокинон дастур доданд.
Рафти боздид раиси шаҳр бо сокинони ин хонаҳои панҷошёна доир ба иштироки фаъолонаи онҳо дар раванди корҳои ободонӣ сӯҳбат намуда, барои зебо гардонидани гирду атрофи хонаҳо сокинонро даъват кард. Аллакай дар назди ин хонаҳои баландошёна аз ҷониби сокинон корҳои ободонӣ шурӯъ гардидаанд.






















Мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи раиси шаҳр
Мудири бахши ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ
Мудири бахши кор бо занон ва оилаи МИҲД
Мудири бахши Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии МИҲД-и шаҳр
Сармутахассис бойгонии шаҳр
Мудири шуъбаи АДСИН
Мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳр
И.в. мудири бахш оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии МИҲД
Мудири бахши фарҳанг
