ИШТИРОКИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР ЧОРАБИНИИ МУШТАРАКИ ТОҶИКИСТОН БО КИШВАРҲОИ ФАЪОЛ ТАҲТИ УНВОНИ “АМАЛҲОИ АФЗАЛИЯТНОК ДАР СОҲАИ ЗАХИРАҲОИ ОБӢ, ТАҒЙИРЁБИИ ИҚЛИМ, КОҲИШ ДОДАНИ ХАТАРИ ОФАТҲОИ ТАБИӢ ДАР ЧОРЧӮБИ ДАҲСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АМАЛ “ОБ
Нимаи дуюми рӯзи 22 марти соли 2018 дар шаҳри Ню Йорк дар ҳошияи Оғози Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинии муштараки Тоҷикистон бо кишварҳои фаъол таҳти унвони “Амалҳои афзалиятнок дар соҳаи захираҳои обӣ, тағйирёбии иқлим, коҳиш додани хатари офатҳои табиӣ дар чорчӯби Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” иштирок ва суханронӣ карданд.
Дар оғоз Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз анҷоми муваффақонаи муколамаи нахустин бахшида ба оғози “Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” солҳои 2018-2028” қаноатмандию нишоти худро иброз доштанд.
ИШТИРОКИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР ИҶЛОСИЯИ 72-ЮМИ МАҶМАИ УМУМИИ СОЗМОНИ МИЛАЛИ МУТТАҲИД БА МУНОСИБАТИ ОҒОЗИ ДАҲСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АМАЛ “ОБ БАРОИ РУШДИ УСТУВОР, СОЛҲОИ 2018-2028”
Санаи 22 марти соли 2018 дар бинои Созмони Милали Муттаҳид, воқеъ дар шаҳри Ню Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Америка иҷлосияи 72-юми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид ба муносибати оғози Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” аз руи ташаббуси навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии сатҳи баланд баргузор шуд.
Дар кори иҷлосия Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гутерриш, Ноиби Президенти Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид Маҳмуд Сайкал, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, коршиносони байналмилалӣ ва намояндагони махсуси кишварҳои олам дар Созмони Милали Муттаҳид иштирок карданд.
ИСТИҚЛОЛ ДАР ОҒӮШИ НАВРӮЗ
Субҳи 21-уми марти соли равон Маҷмааи варзишии шаҳр бо худ ҳусни наву тоза дар бар карда буд. Дохили Маҷмаа сокинони шаҳр бо нерӯи наву тоза тантанаи наврӯзиро интизор буданд. Растаҳои наврӯзӣ аз ҷониби корхонаву муассисаҳо ва кумитаи маҳаллаҳо бо ҳафтсину ҳафтшин, ҳунарҳои дастии мардуми маҳаллӣ ва хонандагону донишҷӯён ороста шуда буд, ки ба ин ҷашн ҳусни наврӯзӣ мебахшид.






















