ЧОРАБИНИИ ФАРҲАНГӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ЯКУМИ ШАҲР
Санаи 6 уми сентябр тибқи нақша дар маҳаллаи 1 уми шаҳри Истиқлол бахшида ба солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии фарҳангӣ манзури сокинон гардид. Ҳунармандони бахши фарҳанг барои фароғати бошандагони маҳалла барномаи консертӣ доир карда, аз ҷониби ҳозиршудагон, хусусан кӯдакону наврасон бо кафкӯбиҳо ва рақсу табрикотҳо пазироӣ гардид.
ДИДОРБИНИИ СОБИҚАДОРОНИ МЕҲНАТ
Дирӯз бо иштироки намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Усмонзода Хайриддин Усмон ва намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Озифхон Шарифзода ва Раиси шаҳр ба дидорбинии ду нафар собиқадорони меҳнат рафта, бо онҳо аз наздик сӯҳбат карданд.
Қайд шуд, ки таваҷҷӯҳи ҳамешагии давлату Ҳукумати кишвар бо сарварии Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба собиқадорон ва дастгирии иҷтимоии онон нигаронида шудааст.
Ҷаласаи ҷамъбастии натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии шаҳри Истиқлол дар нимсолаи якуми соли 2024
9 июли соли 2024 дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр таҳти раёсати Раиси шаҳр Қаюмҷон Маҳмудзода ҷаласаи ҷамъбастӣ оид ба натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳр дар нимсолаи якуми соли 2024 баргузор гардид. Дар кори ҷаласа намояндаи Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ораз Муртазозода ва намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Озифхон Шарифзода иштирок ва суханронӣ намуданд.





















