Ҳабибуллои Калаконӣ - эҳёгари анъанаи давлатдории тоҷикон дар Хуросони таърихӣ
Пас аз он ки бар тахти шоҳӣ нишаст,
Шукӯҳи Хуросон биёмад ба даст.
Наҷиби Борвар
Тоҷикон ва форсизабонони Хуросон ҳамчун миллати фарҳангсолор, соҳибихтиёр ва тамаддунофар дар имтидоди таърих ҳамеша саҳми басазои худро дар рушди тамоми соҳаҳои давлатдорӣ, зербинои љомеа, иқтисод, тиҷорат, илм, фарҳанг, адабиёт, меъморӣ ва ҳунар гузоштаанд.
БАҲСИ ТОҶИК БУДАН Ё НАБУДАНИ БАДАХШОНИҲОРО БАС КУНЕД!
Савганд ба тамоми муқаддасот, ки баҳси сунъии ба кадом миллат дахл доштани бадахшониҳоеро, ки забонҳояшон шарқиэронист, ба дилам задааст.
Тоҷик будани ин мардум ҳақиқатест равшантар аз оина!
Ин мардум асрҳои аср тоҷик будаанд ва дар ягон марҳалаи таърих ба тоҷик буданашон на онҳо шубҳа кардаанд, на ягон миллати дигар.
Агар дар ин бобат шубҳае ҷой медошт, дар айёми сахти табартақсими Осиёи Миёна ҳатман садо баланд мекарданд ва худро тоҷик наменавиштанд ва бузургтарин намояндаи ин халқ, Қаҳрамони Тоҷикистон Шириншоҳ Шоҳтемур бо он ҷасорату донише, ки дошт, барои таъсис додани давлати тоҷикон ин қадар ҷонбозӣ намекард ва ҳадди ақал худро тоҷик намегуфт! Ё ҳатман аз байни халқи Шуғнон, Рӯшон, Вахон, Язгулом ва Ишкошим одамоне пайдо мешуданд, ки ин масъаларо ба миён меандохтанд. Аммо ягон ҳуҷҷат ва ҳатто ривояте дар даст надорем ё нашунидаем, ки кадом нафаре аз ин мардум худро тоҷик надонистааст ва изҳори норозигӣ карда бошад.ОСЕБШИНОСИИ МАКТАБИ МИЛЛӢ
ОСЕБШИНОСИИ МАКТАБИ МИЛЛӢ
(Эҳсоси масъулият ва буҳрони бекифоятӣ)
(Дар ҳошияи мақолаи профессор С. Ятимов - «Тавоно бувад, ҳар кӣ доно бувад» (андешаҳо перомуни Паёми Пешвои миллат), маҷаллаи “Илм ва Ҷомеа”, №1(31), 2023)
Марди таърихсоз
Бидуни шак яке аз муҳимтарин дастовардҳои миллати тоҷик дар се даҳаи Истиқлоли давлатӣ эҳёи дубораи мактаб ва маорифи миллӣ, ба роҳ мондани низоми таълиму тарбия ва фароҳам кардани шароити созгор барои рушди илму маърифат аст. Ояндаи пойдор ва равшани миллат аз низоми таълиму тарбияи ҳамин мактаб ва маърифатбахшии ҳамин маориф вобаста аст. Аз ин нигоҳ аст, ки Сарвари давлат ба ниҳоли парваридаи худ ба назари меҳр ва бо ҷиддияти тамом муносибат намуда, маориф ва илмро дар сархати Паёми солонаи худ қарор додаанд.






















