ТАВАҶҶУҲ БА ҶАВОНОН
Санаи 15-уми марти соли равон дар толори шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Истиқлол дар муҳити тантанавӣ маросими супоридани шиносномаҳои шаҳрвандӣ ба ҷавонони 16 сола баргузор гардид.
Дар чорабинӣ масъулини ШВКД ҶТ дар шаҳр ва 20 нафар ҷавононе, ки бори аввал шиноснома мегиранд, иштирок доштанд.
Мақсад аз ин чорабинӣ оид ба саривақт таъмин намудани довталабон, хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ бо шиносномаҳои шаҳрвандии Ҷумуҳрии Тоҷикистон буда, барои ҳуҷҷатсупорӣ тариқи имтиҳонҳои Маркази миллии тести назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат менамояд.
ШАҲРИ ИСТИҚЛОЛ ДАР ОҒӮШИ НАВРӮЗ
Дар қатори дигар шаҳру ноҳияҳои мамлакат ҷашни Наврӯзи Аҷам дар шаҳри Истиқлол низ бо як шукуҳу шаҳомати хоса таҷлил гардид.
Субҳи 22 марти соли равон дар маҷмааи варзишӣ сокинони шаҳр бо руҳияи идона ҷамъ омаданд. Дар назди даромадгоҳ аз тарафи корхонаву ташкилотои шаҳр гӯшаҳои наврӯзӣ бо як намуди хоси миллӣ ташкил карда шуда, кормандони корхонаву ташкилотҳо хонҳои наврӯзиро, ки таомҳои миллӣ, аз ҷумла оши палов, суманак, шакароб, қурутоб, манту, шарбатҳои гуногун, «ҳафт син», « ҳафт шин» -ро дар бар дошт, густурда, ҳамчунин нақшу нигорҳои анъанавии хоси мардуми тоҷик, ҳунарҳои мардумӣ ва ғайраро ба маърази тамошо гузоштанд.























