шаблоны joomla

Матни равон
"Ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо дастовардҳои назаррас истиқбол мегирем"
Печать
PDF

Наврӯз таҷассумгари арзишҳои баланди инсонист

 

Яке аз ҷашнҳои муҳими миллӣ ва мардумии халқҳои эронинажод Наврӯз ба ҳисоб меравад. Ин ҷашн ҷашнест, ки ҳамбастагии инсону коинот ва эҳёшавии табиатро ба миён меорад. Чунин навъи ҷашн пеш аз ҳама ба шинохт ва огоҳии инсоният аз табиат ҳамбастагӣ дорад. Нахустин рузи Наврӯз ки ба 21 март рост меояд замонест, ки ҳамаи сайёроту ситорот дар як радиф қарор мегиранд. Ин баёнгари он аст, ки мардумони ориёинажод ҳанӯз ҳазорон ҳазор сол қабл ин ҳамоҳангиро дарк намуда будаанд ва аз табиат огоҳии дуруст ва илмӣ доштаанд. Аз тарафи дигар Наврӯз замоне фаро мерасад, ки эътидоли шабу рӯз баробар мешавад ва табиату инсону коинот ба ҳолати баробарӣ дар меояд. Ҷашни Наврӯз ба ҳеҷ як дину мазҳаб иртиботе надорад, зеро ҷашнҳои динию мазҳабӣ аз назари арзишшиносӣ фарогири арзишҳои маҳдуданд, ки аз бовару эътиқод сарчашма гирифта ё ифодагари кадом як ҳодисаи таърихӣ мебошад. Ҷашни Наврӯз бошад ба ҳеҷ арзиши маҳдуд ва эътиқодот ҳамбастагӣ надорад. Зеро асосҳои онро дарку шинохти дурусти инсон аз табиату коинот ташкил медиҳад. Аз лиҳози пайдоиш Наврӯз ҷашнест, ки таърихи ҳазорсолаҳо дорад ва ба тамаддуни кишоварзӣ хос аст. Яъне ин маънии он дорад, ки мардумони ориёитабор, ки бароварда кардани   ниёзҳои худро бо роҳи кишоварзӣ қаблтар аз мардумони дигар шуруъ намуда буданд, барои онҳо шинохти вақт ниҳоят муҳим будааст, зеро Наврӯз замоне фаро мерасад, ки дигар сармои зимистон пушти сар гардида таҳаввули ҳамаи олами зинда ба вуҷуд меояд. Яъне ин замонест, ки кишоварз ба марҳилаи кишт кардан ва олами наботот ба марҳилаи рустан мерасад.

Печать
PDF

Наврӯзи Қамшедӣ – хамирмояи фарҳанги миллӣ ва ҳукумати дунявӣ

Дар таърихи фарҳанги форсу тоқик Наврӯз ба сифати қашни муҳимтарини ақдодӣ ва миллӣ шинохта шуда, дар байни қашну маросими мутааддади милию мардумӣ ва динӣ-мазҳабӣ қойгоҳи вижа дорад. Фаротар аз ин, он бузургтарин қашни фарҳангии қаҳонист, ки на танҳо ба  як қавм, як миллат, як нажод мунҳасир мешавад (ниг.: Шаъбонӣ Ризо. Одоб ва русуми Наврӯз. –Душанбе: Пайванд, 2008. –С.11), балки бо қолабу шеваҳои гуногун дар зиндагии маросимии ақвоми мухталифи башарӣ ва дар мақмӯъ, инсоният мақоми устувор пайдо кардааст. Дар дунё, аз қадим то имрӯз қашну маросимҳои  зиёде мавриди тақлил қарор гирифта ва мегиранд, ки хусусиёти қавмӣ, қабилавӣ, этникӣ ва динӣ дошта, бо ин ё он васила дар доираи фарҳанги  қавмӣ ва динӣ маҳдуд мешаванд. Вале Наврӯз аз ин қоида мустасност, чунки он аз дониш, хирад, фарҳанг ва меҳр сарчашма гирифта, бо ин қавҳарҳои   шарифи инсонӣ азалан ва абадан пайванд аст ва он чӣ ки бо хирад ва меҳр иртибот дорад, ҳеқ гоҳ кӯҳнашавиро намепазирад, дар масири  таърих ҳамвора бо инсон ҳамқадам ва ҳамқисмат мешавад, пайваста дар мақрои  тақдиду таҳаввул қарор мегирад.

Печать
PDF

Наврӯз ва наҳзатиҳо

 

Наврӯз яке аз бузургтарин ва қадимтарин ҷашнҳои фарҳангии миллии мо ба шумор меравад. Дар ин рӯзи нав ҳар як нафар кӯшиш мекунад, ки ба таъмиру тармими хона машғул шавад ва сару либоси худ ва оилаашро нав кунад. Яъне ҳама кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки як навоварие дар манзили худ эҷод кунанд ва аъзои оилаашонро хушҳол намоянд. Ҳамзамон дар ин рӯзи нав дастархони пурнозу неъмате ороста, гирди он ҷамъ мешаванд ва шодиву хушҳолӣ менамоянд. Аз гузаштаи худ қисса намуда, ҳазлу шухӣ мекунанд ва рӯҳияи ҳамдигарро болида месозанд. Агар дар байнашон ягон саҳву хато ё гуноҳе сар зада бошад, кинаву адоват ва ғаму андӯҳро канор гузошта, ҳамдигарро мебахшанд. Ин ҳама навовариҳо ва шодмониро ба хотири он анҷом медиҳанд, ки то охири сол ҳар рӯзашон ба мисли ҳамин рӯз наврӯз бошад ва доимо хушҳолу хуррам дар сари як дастархон бо ҳамдигар ҷамъ шаванд ва муттаҳидона зиндагӣ намоянд.

Истиқлол дар расмҳо

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

Бахшҳои сомона

Муовинони Раис

Сомонаҳои расмӣ

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

МИҲД вилояти Суғд
МИҲД вилояти Суғд

Эълонҳо

Error: Any articles to show

Райъпурсӣ

Райъпурсӣ
 

Ташрифкунандагон

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз1391
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта1606
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта4667
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта13739
mod_vvisit_counterҲамин моҳ20744
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта55046
mod_vvisit_counterҲамагӣ5260735

ИСТИҚЛОЛ

Powered by Joomla CMS.