Номаи амири манғит ҳамчун ифтихороти наҳзатӣ
Кӯри Юнус (Саийдюнус), аз кадом бойгонии хоҷагонаш номаи амири алайҳилаъна Олимхонро кофта бароварда ба мардум ҳамчун далели таърихӣ пешниҳод кардааст. Онро номаи амир ба Ҷомеа (Лига)-и Миллатҳо унвон намудааст. Оғоз мекунем, ба таҳлили сарсарии ин нома. Ба масъалае ки чаро мардуми одӣ, ё ба ибораи амири манғит «аз аъло то адно» ҳама ӯро пушти по заданду ҳукумати мардумӣ таъсис доданд, ҷавоб хоҳем дод!?
Аҳли байти амир дар нафси кабира ғӯтавар, ба фисқу фуҷури оммавӣ машғул буданд. Ба масъалаи давлату давлатдорӣ ҳеҷ таваҷҷуҳе надоштанд. Дар кишварҳои гирду атроф соҳаи тандурустӣ ва маориф рушд мекард, вале бо камҳавсалагӣ, ки хоси ҳалқаҳои ғуломи нафс дар девони амир буд, ҳама гирду атрофи пойтахти аморати Бухоро ифлосу мардум ба куллӣ аз бемориҳои сироятӣ ранҷ мебурданд.
Защита рубежей СНГ – общее дело стран ОДКБ
Ҷавоб ба кӯри Юнус(Сайидюнус) (Дар бораи Ленин)
Амири беватан хору залил аст,
Гадо гар дар Ватан мирад, кабир аст.
Ин суханон дар сари қабри амири Олимхон дар қабристони ш.Кобул навишта шудаанд. Тақдире ки ҳама кӯрҳои ақидатиро интизор аст, бо саркардагии устоди кӯрҳо-Юнус (Сайидюнус), ки худро боз Истаравшани ном мебарад, гарчанде бо ин ном арзанда нест.























