Сенарияи навбатии Муҳиддин Кабирӣ
Пӯшида нест, ки дар як муддати кӯтоҳ парда аз рӯйӣ ҳизби террористии наҳзат ва роҳбарони он бардошта шуда, он ҳама нақшаву ниятҳои муғризонаашон рӯйи об баромад. Чунин ранг гирифтани корро ҳатто роҳбарони наҳзат тасаввур намекарданд ва дар интизораш ҳам набуданд. Ин ҳолат роҳбарони ташкилот, аз ҷумла худи Муҳиддин Кабириро бисёр нороҳат карда, дар ҳолати шок афтидааст.
Изҳороти ғаразолудаи ифротгаро
Вақтҳои охир интишори матлаби иғвоангез дар сомонаҳои ба ташкилотҳои террористӣ ва экстремистӣ вобастабуда паҳн мешаванд Бо мақсади паст задани мавқеи давлату миллати тоҷик дар миқёси байналхалқӣ ва минтақавӣ, махсусан, зери интиқод гирифтани ҳукумати имрӯзаи кишвар, изҳороту нигоштаҳои зиёди хусусияти интиқодӣ дошта аз ҷониби ташкилоти террористӣ ва экстремистии Ҳизби наҳзати исломӣ (ТТЭ ҲНИ) ба назар мерасад. Ҳарчанд муаллифон зодаи Тоҷикистон ҳастанд, вале дар асл муносибати дурушт бо ватани хеш доранд ва пайравӣ бо душманони миллати тоҷик зидди ин марзу буманд. Бадномкуниҳо шабеҳи туҳматҳои қаблӣ ҳаст, аммо бо шаклу намуди дигар. Ҳасудхӯрон аз дурӯғу буҳтон истифода мебаранд, то давлатро назди аҷнабиёни ба худ наздик, сиёҳ бикунанд.
Сабабҳои пуштибонии Эдвард Лимон аз ифротгароҳои тоҷик
Сабабҳои пуштибонии Эдвард Лимон аз ифротгароҳои тоҷик
Солҳо инҷониб дар бораи стандарти дугонаи кишварҳои абарқудрат ва созмону ташкилотҳои байналмиллалӣ маводу матлабҳои фаровоне дар матбуоти даврӣ ва сомонаҳои интернетии минтақавию ҷаҳон ба нашр мерасанд. Тавре таҳлили фаъолияти баъзе аз ин созмону ташкилотҳо нишон медиҳад, барои эшон ягон стандарти ягона доир ба шинохту эътирофи терроризм