шаблоны joomla

Матни равон
"Ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо дастовардҳои назаррас истиқбол мегирем"
Print
PDF

Тоҷикистон. Ҷомеаи ҷаҳонӣ ТТЭ ҲНИ-ро ташкилоти террористӣ эътироф кардааст. Аммо ...

There are no translations available.

9-21 сентябри соли ҷорӣ Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо нақша дорад, ки дар Варшава конфронси солона «Оид ба чораҳои татбиқшуда дар самти андозагирии инсонӣ»-ро доир намояд. Чун анъанаи дерина интизор меравад дар он аъзои ташкилоти террористию экстремистии Ҳизби наҳзати исломӣ (ТТЭ ҲНИ), ки аз ҷониби Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ карда шудааст, иштирок кунанд. Роҳбари он М. Кабирӣ, ки дар кофтуков қарор дорад, мехоҳад бо ширкати шахсии худ ташкилкунандагон ва меҳмонони ин конфронстро «хушнуд» созад ва аз таҷрибаи бузурги террористии худ дар доираи ин чорабинӣ ба ҷомеаи ҷаҳонӣ  ҳикоя кунад.

 

Print
PDF

Бадгӯии сиёсӣ ва тасвири муғризона

There are no translations available.

Ҷомеаи имрӯза бо роҳи рушди босуръати назаррас пеш рафта, мардуми сарбаланди тоҷик шоҳиди даҳҳо ҳодисоту воқеоти дорои аҳамияти ҷаҳониву миллӣ гардидаанд, ки ба ҷаҳонбинию назари сиёсӣ ва иҷтимоии ҳар фарди худогоҳ таъсири босазо гузоштааст. Дар натиҷа, диди аҳли ҷомеа низ пайваста рушд карда, худогоҳии миллӣ боло гирифта, чунин раванди дигаршавии мақсаднок, бомаром ва доимию пайваста бо арҷгузорӣ ба манофеи миллӣ ва фардӣ инкишоф ёфтааст. Маҳз омодагию тадбирҳои босуботу доимӣ ва бардавом дар ҷодаи тарбияи мафкураи инсони ҷомеаи навин тавонистааст, натиҷаи дилхоҳ ба бор оварад ва мардумро ба сӯи ояндаи дурахшон ҳидоят намояд.


Тарғибу ташвиқ тавассути воситаҳои ахбори омма ва корҳои фаҳмондадиҳии давлату ҳукумат мафкураи ҷомеаро ба самти ояндасоз равона кард. Мардум ба умури бунёдкоронаи давлату миллат боварии бештаре пайдо намуданд. Ҳамзамон, мавриди қайд аст, ки чунин натиҷа боиси оромию хотирҷамъии ҷомеа гардид. Вале, дар ин миён сомонаҳои хабарие ба монанди «Payom.net» рӯи кор омаданд, ки ба манфиатҳои миллати тоҷик бо чашми кам менигаранд ва онро ба ғаразу буҳтон омезиш додан мехоҳанд.

Торномаи мазкур маводеро таҳти унвони «Изҳороти Кумитаи наҷоти маҳбусони сиёсӣ роҷеъ ба мавҷи нави шиканҷа»-ро аз будаш бештар ва муғризона интишор менамояд. Сомонаи «Payom.net» умуман ба ҳар масъала назари нек надорад  ва ба он аз паси панҷа менигарад ва иттилоотро бо хусумат истифода мебарад. Нисбат ба ин қазия бо боварии том метавон гуфт, ки ҳамаи ин сару садоҳо беасоc ва бепоя аст. Аммо ташкилоти террористӣ ва экстремистии Ҳизби наҳзати исломӣ аслан фирориёнро гирди худ ҷамъ оварда, аз гурезагони тахрибкор Кумитаи наҷоти маҳбусони сиёсӣ таъсис додаст, ки бо тундгароиву ифротгароӣ ҳамақида буданаш ошкор мегардад.

Ҳарчанд аъзоёни ташкилоти террористӣ ва экстремистии Ҳизби наҳзати исломӣ дар ҳаққи давлату миллати тоҷик ва давлатмардони он бадгӯӣ мекунанд, вале дар баробари он, пайравони худи ҳизби мазкур дар мамолики аҷнабӣ барои зиндагии роҳату безаҳмат имконият пайдо намуда, сомонаҳои интернетӣ таъсис дода, бахту саодати мардуми заҳматкаши тоҷикро мавриди танқид қарор медиҳанд.

Изҳороти Кумитаи наҷоти маҳбусони сиёсӣ аз ҷумлаи маводи дур аз ҳақиқат мебошад, ки бемантиқона вазъияти сиёсӣ ва ҳуқуқии Тоҷикистонро бо хости худ баррасӣ менамояд. Дар ҳоле, ки он дар дохили кишвар фаъолият намекунад, чӣ гуна метавонад дар хориҷ ва зери ақидаҳои хоҷагонаш вазъияти дохилиро баррасӣ намояд.

Дар воқеъ, аъзоён ва роҳбарияти ташкилоти террористӣ ва экстремистии Ҳизби наҳзати исломӣ воситаҳои иттилоотиро ҳамчун дастгоҳи шарҳи ақидаҳои ботили худ истифода мебаранд ва сару садоҳои баҳсноки доираҳои мухталифи ҷомеа ва нафарони манфиатхоҳро ба вуҷуд оварданӣ мешаванд ва барои расидан ба ҳадафҳои нопокашон ба созмону ташкилотҳои байналхалқӣ муроҷиат мекунанд. Бо ҳамин мақсад, баёнияҳои бемантиқро нашр месозанд.

Изҳороти ташкилоти террористӣ ва экстремистии Ҳизби наҳзати исломӣ идомаи мантиқии зид будан ба сохти имрӯзаи давлатдории миллии тоҷикон аст. Пай бурдан мумкин аст, ки он хонандаро сад дарсад ба иштибоҳ мекашад ва барои заминаи боварибахши сулҳ ва ризояти миллиро суст кардан пешниҳод шудааст. Дар баёнияи Кумитаи наҷоти маҳбусони сиёсӣ ба созмону ташкилоти хориҷӣ то ба дараҷаи ифрот сухан меравад, ки наметавонад ба ҳаёти имрӯзаи мо созгор бошад.

Далер Қосимов

Print
PDF

ТЭО ПИВ продолжает информационную войну

There are no translations available.

Члены террористическо-экстремистской организации Партия исламского возрождения (ТЭО ПИВ), их покровители,  блогеры соцсетей и отдельные СМИ, в числе которых сайт «Фергана.Ру», существующий на деньги недружественных спецслужб, с маниакальной и садистской настойчивостью продолжают муссировать тему использования пыток в правоохранительной системе, спекулируя на ней. Им подыгрывают правозащитники из международных неправительственных организаций, провоцируя социальный ажиотаж и протестные настроения.

Истиқлол дар расмҳо

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

Бахшҳои сомона

Муовинони Раис

Сомонаҳои расмӣ

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

МИҲД вилояти Суғд
МИҲД вилояти Суғд

Ташрифкунандагон

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз1291
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта1161
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта9764
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта10068
mod_vvisit_counterҲамин моҳ26390
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта39369
mod_vvisit_counterҲамагӣ4094244

ИСТИҚЛОЛ

Powered by Joomla CMS.