шаблоны joomla

Матни равон
"Ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо дастовардҳои назаррас истиқбол мегирем"
Печать
PDF

Табрики Раиси шаҳр Худойназар Амонзода ба муносибати Иди Қурбон

Ҳамшаҳриёни азиз!

Ҳамаи шумо ва тамоми мардуми саодатманди шаҳрро ба муносибати Иди Қурбон самимона табрик гуфта, ба ҳамагон тансиҳативу хонаободӣ, саодатмандӣ, кушоиши кор ва комёбиҳои беназир ба нафъи миллату Ватанро орзу менамоям.

Неъмати истиқлолият ва сиёсати дурбинонаву хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки халқи азизи кишварамон иди Қурбонро чун дигар иду ҷашнҳои милливу давлатӣ дар фазои комили сулҳу осоиш ва ваҳдати миллӣ ҷашн мегиранд.

 

Печать
PDF

Таҷлили Рӯзи касбии кормандони соҳаи тиб дар шаҳр

Санаи 17-уми августи соли равон дар Қасри фарҳанги шаҳр чорабинии сиёсиву фарҳангӣ бахшида ба Рӯзи касбии кормандони соҳаи тиб ташкил ва гузаронида шуд, ки дар он раиси шаҳр Худойназар Амонзода иштирок намуда, кормандони соҳаи тандурустии шаҳрро ба рӯзи касбиашон табрик гуфт. Дар табрикоти хеш Худойназар Амонзода қайд кард, ки имрӯзҳо хушбахтона барои табибон тамоми шароитҳои муассир муҳайёст ва хидматрасонӣ ба мардум дар сатҳи талаботӣ қарор дорад. Танҳо ба табибон дасту дилу нияти нек метавонад роҳ ба сӯи обрӯи воло кушояд ва боиси хушнудист, ки дар соҳаи тандурустии шаҳрамон ҳастанд нафароне, ки ба саломатии мардум солиёни тулонӣ дасти кумак дароз кардаанд. Пайваста қабул ва амалӣ шудани барномаву стратегияҳо ва санадҳои нави меъёрии ҳуқуқӣ вобаста ба соҳаи тандурустӣ аз таваҷҷӯҳи ҳамарӯзаи роҳбарияти кишвар, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шаҳодат медиҳад.

Печать
PDF

Маҷлиси фаврии назди прокурори шаҳр доир шуд

Санаи 10-уми августи соли равон дар толори Прокуратураи шаҳрӣ ҷаласаи фаврии назди прокурори шаҳр ташкил ва гузаронида шуд, ки дар он муовини раиси шаҳр Комилзода Н.Р., кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, масъулини корхонаву муассиса ва ташкилотҳо, раисони кумитаи маҳаллаҳо ва дигар соҳаҳои дахлдор ширкат доштанд.

Бобати масъалаи якуми рӯзнома муфаттиши прокуратураи шаҳр Отабеков О.Б. баромад намуда, аз натиҷаи санҷиши иҷрои қонунгузорӣ доир ба муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки дар сохторҳои дахлдори давлатӣ мавриди таҳлил қарор дода шуда буд суханронӣ намуд. Зимни баромади хеш Отабеков О. доир ба камбудиҳои ошкоршуда дар самти муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ гуфта гузашт.

 

Истиқлол дар расмҳо

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

Бахшҳои сомона

Муовинони Раис

Сомонаҳои расмӣ

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

МИҲД вилояти Суғд
МИҲД вилояти Суғд

Ташрифкунандагон

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз1196
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта1483
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта11053
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта11381
mod_vvisit_counterҲамин моҳ7754
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта39369
mod_vvisit_counterҲамагӣ4075608

ИСТИҚЛОЛ

Powered by Joomla CMS.