Таҷлили бошукӯҳи Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар шаҳр
Санаи 23-юми июни соли равон дар майдони Парчами давлатӣ чорабинии идонаи умумишаҳрӣ бахшида ба 21-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ баргузор гардид. Дар чорабинӣ раиси шаҳри Истиқлол Худойназар Амонзода иштирок намуданд.
Шӯрои ҳамоҳангсозии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баргузор шуд
Санаи 22-юми июни соли равон дар маҷлисгоҳи прокуратураи шаҳр Шӯрои ҳамоҳангсозии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳр доир ба масъалаи доғи рӯз, яъне ба худкушӣ даст задани сокинон ва дигар муаммоҳо баргузор гардид. Дар кори Шӯро муовини раиси шаҳр Комилзода Н.Р, Прокурори шаҳр Абдуқодирзода Ф.К., сардори шуъбаи дар шаҳри Истиқлол будаи Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар вилояти Суғд Валиев Ҳ. Э., сардори шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Истиқлол Усмонзода А.К. ширкат доштанд. Ҳамчунин роҳбарони корхонаву муассисаҳо, фаъолон, раисони кумитаи маҳаллаҳо, имомхатиби масҷиди ҷомеъ, нозирони минтақавии милитсия дар Шӯро иштирок намуданд.
Маҷлиси вакилони халқи шаҳр баргузор шуд
Санаи 19-уми июни соли 2018 дар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр иҷлосияи навбатии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Истиқлол (даъвати панҷум) баргузор гардид.
Дар иҷлосия Раиси шаҳр Худойназар Амонзода, намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Рустамзода Суҳроб роҳбарони сохторҳои қудратӣ, вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳр ва роҳбарони воҳидҳои сохтории мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва корхонаву муассисаҳо иштирок доштанд.