шаблоны joomla

Матни равон
"1300 рӯзи ободонӣ бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон"
"Ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо дастовардҳои назаррас истиқбол мегирем"
Печать
PDF

ХУДОЙНАЗАР Амонзода

(2 votes, average 5.00 out of 5)

Раиси шаҳр

 

Худойназар Амонзода 30 октябри соли 1962 дар шаҳри Гулистон (Қайроққум) дар оилаи коргар таваллуд  ёфтааст. Миллаташ узбек.

Баъди хатми мактаби миёна ба шуъбаи шабонаи  Донишкадаи  кӯҳшиносии шаҳри Ленингради Федератсияи Русия ва ҳамзамон ба омӯзишгоҳи техникии № 60 ҳамин шаҳр дохил шуда, ин муассисаро хатм намудааст. Баъди хатми ин муассиса соли 1981 дар идораи “Водоканалстрой”-и шаҳри Ленинград ба ҳайси челонгар фаъолият намудааст.

Солҳои 1981-1983 дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ адои хизмати ҳарбӣ намудааст. Баъди адои хизмати ҳарбӣ ба шуъбаи рӯзонаи Донишкадаи кӯҳшиносии шаҳри  Ленинград дохил шуда, ин муассисаро соли 1988 бо ихтисоси муҳандис-кӯҳшинос хатм намудааст.

Баъди хатми Донишкадаи мазкур аз соли 1988 то соли 1989 дар комбинати руҳу қурғошими шаҳраки Адрасмони шаҳри Гулистон (Қайроққум) , ҳамчун кӯҳшинос ва сардори минтақа шуда фаъолият намудааст.

Ҳамчунин аз соли 1989 то соли 1993 дар вазифаи котиби кумитаи комсомол  ва  раиси созмони ҷавонони шаҳри Гулистон (Қайроққум)  фаъолият намудааст.

Солҳои  1993-1995 раиси кумитаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Гулистон (Қайроққум), солҳои 1995-2000 мудири шуъбаи саноати шаҳри Гулистон (Қайроққум), солҳои 2000-2006 роҳбари дастгоҳи раиси шаҳри Гулистон (Қайроққум), солҳои 2006-2011 муовини аввали раиси шаҳри Гулистон (Қайроққум)  ва аз моҳи октябри соли 2011 бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мансаби раиси шаҳри Гулистон (Қайроққум)  таъйин гардида, то соли 2014 дар ин мансаб фаъолият намудааст.

Аз моҳи декабри соли 2014 бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси шаҳри Истиқлол таъйин гардида то айни замон фаъолият дорад.

Маврид ба зикр аст, ки Худйназар Амонзода  дар давраи кориаш тӯли 36 сол дар соҳаҳои гуногун, махсусан дар соҳаи хизмати давлатӣ  фаъолият намуда,  аз сатҳи мутахассис то ба мансаби сиёсии хизмати давлатӣ расидааст.

ӯ чун шахси меҳнатдӯст, роҳбари серталабу бомасъулият, мутахассиси кордон ва ташкилотчӣ шинохта шудааст. Дар ҷараёни фаъолияти меҳнатӣ дар ҳар  як вазифаҳои масъулиятноки дар ӯҳда доштааш барои ташаккули заминаҳои ташкил, таҳия ва пешбурди фаъолияти соҳаҳои гуногун, махсусан дар иҷрои дастуру супоришҳои  мақомотҳои болоӣ дар сатҳи вилоят ва ҷумҳурӣ барои пешрафти хоҷагии халқ кӯшиш ба харҷ додааст. Ҳамчунин дар ҷодаи тарғибу ташвиқи сиёсати пешгирифтаи давлат, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва татбиқи амалии онҳо, ташкили фаъолияти бо мароми мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, дастгириву тарбияи мутахассисони ҷавон ва дар раванди ташкили корҳои ободониву созандагӣ ва бунёдкорӣ босамар фаъолият мебарад ва нақши пешбарандаи соҳаи худро таъмин менамояд.

Саҳми Худойназар Амонзода дар назорати иҷро ва татбиқи  санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ ҷиҳати таъмини рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва ташаккулу рушди соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ, беҳтар гардидани сатҳи некӯаҳволии мардум ва таъмини  беҳбуди фазои босубот ва созанда назаррас аст.

Мавсуф дар фаъолияти ҳаррӯзааш баҳри ташаккул додани фазои маънавии созандаи мусоид ба сиёсати бунёдкоронаи давлат, ободу зебогардонидани диёр кӯшиш ба харҷ медиҳад.

Худойназар Амонзода солҳои 1989 - 1994 вакили Шӯрои депутатҳои вилояти Ленинобод (Суғд), солҳои 2005-2010, 2010-2014 дар ду даъват вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Қайроққум ва аз соли 2015  то ҳоли ҳозир вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд интихоб шуда, дар ҳалли мушкилотии иҷтимоӣ ва масъалаҳои ҷамъиятии аҳолӣ саҳм гузоштааст. Дар ташкил ва гузаронидани интихоботҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (солҳои 1999, 2006, 2013), интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (солҳои 2000, 2005, 2010, 2015) ва дигар чорабиниҳои сиёсӣ саҳми бевосита дорад.

Ҷиҳати дар сатҳи баланд таҷлил намудани силсилаҷашнҳои Истиқлолияти давлатӣ, Ваҳдати миллӣ, Иҷлосияи ҶVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар ҷашну маросимҳои миллию давлатӣ нақши калидӣ дорад.

Мавсуф давоми  фаъолияти пурмаҳсул баҳри рушду пешрафти хоҷагии халқи шаҳр тадбирҳои зарурӣ андешида, ба ташкили корҳои созандагӣ ва некӯаҳволии мардум низ эътибори ҷиддӣ медиҳад.

Истиқлол дар расмҳо

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

Бахшҳои сомона

Муовинони Раис

Сомонаҳои расмӣ

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

МИҲД вилояти Суғд
МИҲД вилояти Суғд

Ташрифкунандагон

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз1831
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта3443
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта12051
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта22156
mod_vvisit_counterҲамин моҳ59131
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта103201
mod_vvisit_counterҲамагӣ3744199

ИСТИҚЛОЛ

Powered by Joomla CMS.