шаблоны joomla

Матни равон
"Ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо дастовардҳои назаррас истиқбол мегирем"
Печать
PDF

Доктор Наҷиб: Мо Шуравиро берун кардем, ту ҳам покистониро набиёр

(0 votes, average 0 out of 5)

Дарси таърих

Доктор Наҷиб: Мо Шуравиро берун кардем, ту ҳам покистониро набиёр

Муҳаммад Наҷибулло – ин ном шояд барои насли ҷавон кам ошност. Ў арбоби давлати, сиёси ва роҳбари Ҳизби демократии  халқи Афғонистон, замоне дипломат, сардори Хадамоти амнияти давлати, котиби генералии КМ ҲДХА буду25 сол пеш дар чунин рўзҳое дар Кобул аз сўйи Толибон ваҳшиёна кушта шуд (6.08.1947 – 27.09.1996).  Ў зодаи шаҳри Гардез буд ва замоне, ки ҳамаги 49 сол дошт, дар Кобул манзили охираташро пайдо кард. Ў охирин роҳбари таҳти ҳимоят ва дастнишондаи Иттиҳоди Шурави дар Афғонистон буд.

28 августи соли 1992 дар фурудгоҳи Кобул ҷанг идома дошт. Неруҳои ба ном муҷоҳид ҳавопаймоҳои боркаши русиро ҳадаф қарор дода, тир меандохтанд. Ин ҳавопаймоҳо барои бурдани кормандони Сафорати Русия омада буданд. Дар ҳамон рўз сафоратҳои дигар кишварҳо низ кормандонашонро аз ин кишвар берун бурданд. Тарафдорони Наҷибулло ва низоми дар гузашта ҷонибдори Шурави, ки аз ў ҳимоят мекард, қисме фирор ва бархе ҳам таслими неруҳои ба Кобул воридшудаи мухолифони давлат шуданд.

Фақат Наҷибулло ба ҷойе нарафт. Ўро намояндагии СММ зери ҳимоят гирифт ва дарбинои худ дар Кобул ҳаққи паноҳандаги дод. «Доктор Наҷиб»- он гунае ки дар матбуот аз вай ном мебурданд, то замоне, ки қотилон ба дунболаш наомаданд,дар ин бино мезист. Ин роҳбари Афғонистон яке аз омўзиш ва тарбиядидаҳои низоми Шурави буд, вале дар оғози давраи ҳукумати аввали Толибон ба таври ваҳшиёна кушта шуд. Даврони роҳбарии ўро бо гузашти вақт бисёре аз афғонҳо дар муқоиса бо замони роҳбарии дигар ҳокимони Афғонистон як даври тилоии кишварашон медонанд, ки бешак воқеият ҳам дорад.

Артиши 40-уми Шурави дар охири соли 1979 вориди хоки Афғонистон шуда, Ҳафизулло Аминро, ки 8 октябри ҳамон сол Нурмуҳаммад  Тараки, Котиби генералии ҲДХА-ро кушта, худ ба роҳбарии ин ҳизб ва курсии сарварии Афғонистон нишаста буд, ба қатл расонида, намояндаи дигари ин ҳизб аз фраксияи парчам - Бобрак Кормалро ба курсии роҳбари шинонд.  Аммо таҷовузи Шурави ва бо омадани роҳбари нав ҷанг дар Афғонистон хатм нашуда, баръакс муқовимат бо  қувваҳои мусаллаҳи тарафдори вай ва низомиёни Шуравии воридшуда ба хоки ин кишвар бештар авҷ гирифт.

Аз байн панҷ сол гузашт, аммо поёни ҷангу хунрези маълум набуд. Ба ин сабаб, мақомоти Кремл  дар пайи иваз кардани Кормал ба нафари дигаре шуданд.  Он замон Наҷибулло - сардори Хадамоти давлатии иттилоот ҳанўз  40 –сола ҳам набуд ва шояд фикри роҳбари ба як ҳизб ва сарвари кишвар шуданро ҳам ба сар надошт. Зеро ба ҳизб барои вазифа не, балки эътиқоди устувор ба ормонҳои инқилоби демократи ба манзури сохтани як низоми ҳоми аз ҳуқуқу озодиҳои тўдаҳои мардум ва ормонҳои баланди инсони пайваста буд.

Шоҳидон мегўянд, ў пешниҳоди роҳбари Афғонистон шуданро борҳо рад карда буд, вале зери фишори мушовиронаш аз Москва ноилоҷ қабул кардааст.

Соли 1992 Наҷибулло дар намояндагии СММ паноҳандаги гирифт. Дар ин миён, Кобулро муҷоҳидон тақсим ва баробари ишғоли пойтахт бо якдигар ҷангро оғоз карданд.

Маълум шуд, Наҷибулло, ки Ғарб ўро то он вақт диктатор меномид, дар асл бо ростқавли кўшидааст бо ҳама аҳди сулҳ бандад, аҳзоби мухолифро қонуни кунад, онҳоро ба ҳукумат роҳ диҳад, аммо ин ҳама барои гурўҳакҳои ришдори аз кўҳҳо фаромада кифоя набуд. Бо ин сабаб,демократтарин пешвои Афғонистон ҳам аз қудрат барканор шуда, мухолифони мусаллаҳба қудрат расида, кишварро ба минтақаҳо тақсим ва дар ҳар яке низоми диктатурии хоси ҳамон маҳалро ҷори карданд.

Кашмакаши ин неруҳо муддати 4 сол давом кард, Наҷибулло, ки аз саҳнаи сиёси берун рафта буд, фақат дар кунҷи хотираҳо монд, то вақте ки соли 1996 неруе бо номи Толибон ба Кобул нарасид. Роҳбарони муҷоҳидони бо ҳам дар набард илоҷе ба ҷуз ба ихтиёри онҳо гузоштани Кобулу дигар минтақаҳои Афғонистон надоштанд. Толибон аз ҳамон оғози таъсис иборат аз ҷавонони душман ба ҳар гуна дастоварду таҳаввулоти илмию фарҳанги, ки гуфта мешавад, устодони покистони ва амрикои дар тўли солҳо дар зеҳнашон ворид намуда, онҳоро бо эҳсоси нафрат ба ҳар падидаи низоми дуняви, ки  тўли солҳо дар Афғонистон шакл гирифта буд, тарбия кардаанд. Пас аз хуруҷи неруҳои Шурави, ҷонибдорони ин низом дар асл ба ҳоли худ гузошта шуданд. Ҳаюлое бо номи Толибон дар ҳамон сол вориди Кобул шуду пирўзиашро эълон кард ва ҳукумати онҳо то рўзе давом дошт, ки 11 сентябри соли 2001 дар Ню -Йорк ҳамлае боистифода аз 4 ҳавопаймои мусофирбар ба манораҳои Маркази тиҷорати ҷаҳони сурат нагирифт.

Ҳамон неруе, ки баъдтар дар ин ҳамлаи террористи гунаҳкор ва бадном шуд,  соли1996 ба Кобул омад. Барои саркардаҳои ин ҷунбиш  роҳбарони гурўҳҳои пешинаи муҷоҳидон, ки ҳар яке зери парчами созмоне боистифода аз вожаи исломи амал мекарданд, дар амри риоя ва иҷрои шариати исломи аз ҳад зиёд муътадил ва амалҳояшон ғайриисломи буд. Бо сабаби дарки пайомадҳои нохуб роҳбарони гурўҳҳое, ки 4 сол пеш фотеҳона ва бо шўру валвала вориди пойтахт шуданд, ҳар ки ба ҳар сў гурехт.

Фақат доктор Наҷиб - охирин сарвари як кишвари муттаҳиди аз сўйи онҳо аз мақомаш  барканоршуда,дар паноҳгоҳи худ-бинои намояндагии СММ дар Кобул бимонд.

Дар гузоришҳои  марбути ин давра омадааст, ки ростгўтарин  аз раҳбарони муҷоҳидон - Аҳмадшоҳи Масъуд замони аз шаҳр берун бурдани неруҳояш ўро ба якҷоя рафтан даъват кард, аммо Наҷибулло ин пешниҳодро напазирфт. Ў шояд намехост дар ҷои нав гаравгон шавад ё то охирин лаҳзаҳо шояд бовар ва умедвори дошт, ки Толибон (ки мисли ў, аз қавми паштун ҳастанд ) ба ў кордор намешаванд ва раҳмаш мекунанд. Аммо чунин нашуд. Толибон ба мақоми  дахлнопазирии дипломатии намояндагии СММ буданаш ҳам эътибор надоданд. Аҷал дар либоси Толибон шаб ба ҷустуҷўяш омад ва қотилон ўро бо бародараш Аҳмадзай ягона шахси ҳамроҳаш дастгир карданд. Наҷибулло, ки як марди ҷисман қави буд, бебокона ба сўйи қотилон шитофт, ҳатто тавонист яке аз онҳоро халъи силоҳ кунад, аммо неруҳо нобаробар буд. Толибон Муҳаммад ва Аҳмадзайро баста, аз бинои намояндагии СММ берун бурданд ва чанд соат бераҳмона азобашон доданд. Ҳамин неруҳои акнун бори дигар дар Афғонистон ба қудратрасида буданд, ки президенти пешини Афғонистонро аз пойҳояш дар пушти мошин баста, мисли сайди шикоршуда рўйи замин овезон то аламашонро баровардан, дар ҷодаҳои шаҳр ба ҳар сўе кашиданд. Сипас,ҷасади харобшудаи Наҷибро дар яке аз хиёбонҳои Кобул ба сутуни чароғаки роҳ овезон карданд ва он чанд рўз нишоне аз бераҳмии ин ҷунбиш дар пойтахти Афғонистон буд.

Сарнавишти шахсе, ки то охирин соати дар қудрат будан, аз сулҳ ва ваҳдати қавмҳои афғон сухан мегуфт, бо ин фоҷеа ба поён расид. Дар рўзҳои 25-солагии маргаш дар интернет навори суханрониаш дар ҷаласае гузошта шуд. Аз рўйи мазмун он марбути соли охири роҳбариаш аст. Барои дарки эҳсосот ва самимияте, ки дар паём ҳаст, онро бо садои худи ин шахсияти сиёсии Афғонистон бояд шунид. Аммо бовар дорам, матни он ҳам барои ошнои бо авзои он рўзҳо ва шинохти рўйдодҳои имрўзи Афғонистон аз аҳамият холи нест.

Аз паёми Наҷибулло ба сарони қавму миллиятҳо:

«…Ва гуфтанд, ки Шуравиҳо ба инҷо омаданд, мо ҷиҳод кардем. Шурави биравад, ҷангро хатм мекунем. Инак Шуравиҳо аз кишвар рухсат шуданд (вале муқовимат, ҷангу хунрезиҳо идома дорад)…

Барои ман дар хатҳо навишта буданд, ки афғонияти худро ба анҷом бирасон.  Боз мо ҳам қавли афғонияти худро ба ту метем (медиҳем) Ма, ки қавли афғонияти худро анҷом додем, ҳоло куҷо шуд қавли афғонияти инҳо? Хуб, Шуравиҳо ҳам (аз Афғонистон) баромаданд. Ҳоли саволи сеюм матраҳ аст, ки Наҷиб ин чавкиро барои мо ило бита. Ҳар вақте чавкиро ило кард, ана ҳамон рўз сулҳ меояд.

Ҳуб, бародарони азиз, пас ин кулли ҷанг ба зарфи 11 сол, ки яку ним миллиюн кушта дод, як миллиюну 300 ҳазор маълулу захми гузошт, ин ҳама ба хотири як курси буд? Хуб, ин ҳамаро аз аввал мегуфтед.

Барои ман савол  пайдо меша, барои шумо ҳам ин савол пайдо шава, роҷеъ ба салоҳияти ин сарони танзимҳо (гурўҳҳо) як саволияи калон бигзорем. Чанд рўз қабл яке аз сарони ин танзимҳо гуфт (фаҳмидам, ки аз роҳи дигар натавонистанд қудратро бигиранд, на Ҷалолободро гирифтанд, на Хустро гирифтанд, на Қандаҳорро гирифтанд, на кадом ҷойи дигарро ба даст наоварданд), ҳоло даст дароз карданд, ба тарафи ки? Ба тарафи Шуравиҳо. Аз Шуравиҳо яке аз сарони танзимҳо тақозо мекунад, ки Наҷибро бихоҳед, шояд дар ахбор ҳам шунида бошед, ки аз Наҷиб бихоҳед чавкиро ило бикуна, ба мо ин қудратро таслим кун. Қазовати инро ба шумо месупорем.

Бо ман музокира намекунанд, ки ин дастнишондаи Шуравист, тарафдори Шуравист, вале худ даст дароз мекунанд, аз унҳо гадои  мекунанд, қудрат мехоҳанд. Мегўянд, моро ба курси биншон ба ҷойи Наҷиб. Аз қавли худи эшон, аз дўстони ғарби ҳам чунин тақозо кардаанд, то онҳоро ба қудрат расонанд. Ина ҳоли қазовата ба шумо месупорем.

Кобул, пойтахти кишвари шумо ҳам ҳаст, ҳоло пойтахтатонро  ба хок яксон насозед ва мардуми онро ба зери поятон ба қатлу қитол – кушторҳои бераҳмона ва пур аз қасоват нобуд накунед. Заминаи музокирот бо қумондонҳо ва давлат омода гардад. Ман тақозо мекунум, ки ҳами қумондонҳоро (бо даъват) аз тариқи радио ва телевизион… замонат мекунум, ҳеҷ гапе воқеъ намешавад. Ҷаҳон онҳоро мешунавад, мардуми афғон инро хоҳад шунид, агар мўйи сари яке худое нахоста, кам шава, дар ин ҷо бадноми таърих мешам,  ма сиёсати худро бадном намекунум, ки оштиро эъдом карда бошум, мисли он нафароне, ки дар таърих ба мардум қасам ёд мекарданд ва Қуръон имзо мекарданд, вале боз мардумро мехостанд ва инҷо мекуштанд.

Бо замонат инҷо биёянд, бо эҳтироми музокирот оянд. Муҳим нест, ки ба натиҷае, тасмиме бирасем, мо таслими онҳоро намехоҳем, намегўем, ки силоҳ ба замин бигзоред. Барои мусолимат оянд, ба ҳайси як нерўи бо мо мусови (баробари мо) менишинанд ва суҳбат мекунанд. На ба хотири онки биёянду узрхоҳи карда бошанд, ҳеҷ!

Ба сари масоиливатанию мардумии худ суҳбат мекунем, ки чи масъулиятҳои бузургу азими таърихи дар ин даврони ҳассосу душвор ва мусибатбори пур аз ғаму андуҳи мардуми Афғонистон бар уҳдаи мо гузошта шудааст. Биёянд,маслиҳат мекунем, ки дар чунин як маҷлис ё ҷойи дигар зону ба зону менишинему суҳбат мекунем, ки роҳи мушилиро пайдо бикунем. На танҳо бо иртиботи онҳо, балки дар иртибот ба ҷамъии масоили куллии ватани, дар иртибот ба Ҳукумати марказиву ҳукуматҳоимаҳалли дар ҳар вилоят,дар умуми кишвар суҳбат анҷом медиҳем. Ин аст назариёти ман, кадомаш ба зиёни шумост, худое нахоста? Кадом яке обрўю иззати шуморо поин меорад? Кадоме ба хайри саломати шумо нест?

Бо иҷрои ин гапҳо бадномии мо ба хости Худо нек мешавад, агар на, бори осмонро болои шонаҳоям бигзоред, ман барои бардоштанаш ҳозир ҳастум.

Ҳидояту дастурро бояд мардум бита, на ҳуком, салотин ва  подшоҳҳо.  Шояд фикр мекунанд,мардуми афғон вуҷуд надошта бошад? Барои ман, арзишу қимати лаълу ҷавоҳиру лоҷуварду зевару зинати ин ватан, шумо  мардуми ман ҳастед. Аз и хотир, то ҷое, ки ба ман вазифа ва масуният мегузоред, умедвор ҳастум, ки аз иҷрои ин вазоиф дар ин лаҳазоти хатир ва душвор берун бароюм ва хидмати шуморо анҷом дода бошум.

Азизу дилбанду фарзанди худро аз байн бурдан, ба ғаму андуҳ ва нолаву фарёди мардум ва модарон ҳукумат кардан ва дар охираш бигўем, ки мо ҷиҳод кардем, мо ҷангро бурдем, пирўз шудем? Ман намегўм, ки байни мо саломату маломате вуҷуд надорад. Магар вақте  мо Шуравиро гуфтем, ки аз ин ҷо берун биравад, пас ту ҳам покистониро иҷозат нате дигар, арабиро иҷозат надеҳ инҷо, ҷенероли америкои, мушовири америкоиро бо худ инҷо набиёр. Мешинем, бо ҳам зону ба зону музокира мекунем.  Ё ту маломат меши, ё ман. Агар ма, руфақои ма ва ҳизби ман маломат шаванд, ҳозир ба ҳар гуна сарзаниш ва тавба ҳастем. Агар дигарон маломат шаванд, бояд чунин кореро кунанд.

Агар инро ҳам намехоҳед, сари тамоми кудуратҳо ва душманиҳо санги бузург мегузорем, барои ин ки боло кардани кудурату ҳисобу мубоҳисот ҷанги моро ҳаллу фасл  намекунад. Аз сари нав бар сари сулҳу сафову самимият хидмати якдигар мекунем то хидматгори мардуми худ бошем.

Ю. Солеҳ

 

 

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Истиқлол дар расмҳо

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

Бахшҳои сомона

Муовинони Раис

Сомонаҳои расмӣ

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

МИҲД вилояти Суғд
МИҲД вилояти Суғд

Ташрифкунандагон

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз1133
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта702
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта3964
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта5924
mod_vvisit_counterҲамин моҳ18498
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта39289
mod_vvisit_counterҲамагӣ4046983

ИСТИҚЛОЛ

Powered by Joomla CMS.