шаблоны joomla

Матни равон
"Ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо дастовардҳои назаррас истиқбол мегирем"
Print
PDF

АЛАЙҲИ ТЕРРОРИЗМ

(0 votes, average 0 out of 5)
There are no translations available.

Чуноне ки медонем имрӯзҳо гурӯҳҳои тундрав ва экстремистию террористӣ, ки муқобили инсоният ва тамаддуни ӯ мубориза доранд дар ҷаҳон доман паҳн карда, бо рафтору амалҳои ноинсонона амал намуда истодаанд. Ва аксаран вақт таълимоти динии бардуруғро истифода мебаранд. Бо ин роҳ, яъне “таълимоти динӣ” афроди ҷоҳилро ба худ ҷалб намуда, сафи худро зиёд мегардонанд. Мубаллиғони ин гурӯҳҳо тарзе таълими шарро дар мағзи афроди гумроҳ ҷой намудаанд, ки ӯ ҳамдини худро ҳатто қабул намекунад. Ҳол он ки рафторе, ки барои таҷовуз ва куштори инсон асос ёфтааст таърихи ақоиди динии ягон адён ин ҳаракат ва фаъолиятҳоро қабул надорад. Пас маълум мегардад, ки ин гурӯҳҳо мағзи ҷоҳилонро бо таблиғоти пуч пур кардаанд. Аҷибаш дар он аст, ки худ ҷоҳил, ки аз дину диёнат бехабар аст ҷалби дигар гумроҳро ба ташкилоти худ “савоб” мешуморад.

Лозим ба қайд аст, ки меъёрҳои ахлоқии инсон ҳазорсолаҳо пеш бунёд ёфтаанд ва инсон дар амал аз рӯи онҳо комёб шудааст. Аммо ин нохалафон имрӯзҳо “маҷмӯи талаботҳои маънавӣ” пайдо кардаанд ва ба “тадриси” як гурӯҳ бадахлоқон тавсия медиҳанд.

Дар ин маънӣ мехоҳам аз байти Ҳаким Бедили Деҳлавӣ мисол орам:

Марҷаи маънии ин сустхаёлон дарёб,

То бидонӣ чӣ қадар фитраташон кӯтоҳ аст.

Ин зуҳуроти харобиовар, таҷовузкорона, бераҳмона, ки ҳадафи равшан надорад, мутаассифона зиддиятро байни табақаҳои инсоният афзудааст. Баъзе афроде, ки ба “пандҳо”-и ин нобакорон гӯш кардаву ба чоҳи фиреби онон бархурд намудаанд гумон намекунанд, ки оқибати онон чӣ хоҳад буд. Аксаран ин гумроҳон имрӯз дар амалиётҳои исёнгароёнаи ин гурӯҳҳо бе ному нишон гардида истодаанд ва вуҷуди онҳо дар ҳаёт номаълум гаштааст. Дар ин маврид Саъдии бузургвор мефармояд:

Онро, ки ақлу ҳиммату тадбиру рой нест,

Хуш гуфт пардадор, ки кас дар сарой нест.

Ин тафриқаандозӣ, ки аз ҷониби мубаллиғони гурӯҳҳои террористӣ ба роҳ монда шудааст, танҳо адоватро нисбат ба аҳли олам меафзояд. Дар бештари авқот то ҳатто хусумат байни худи ин афрод баланд мегардад.

Ба ҳар як насли ҷавони ҷомеа мегӯем, ки ҷавони муҳтарам! Кӯшиш намо, то илм омӯз ва ҳунарманд шав ва маърифати инсониро ба кор бар. Бубин, ҷавоне ки ҳамсоли ту ҳасту дар вартаи бадӣ афтидааст, ҳолаш табоҳ аст, зеро аз чанги уқубати бадхӯйӣ наметавонад раҳо ёфтан. Дар назар дор, ки вақте ба чоҳи ин бадхӯён афтидӣ халосӣ нахоҳӣ ёфт. Байти Саъдиро дар ҳуш дор:

Агар зи дасти бало бар фалак равад бадхӯй,

Зи дасти хӯйи бади хеш дар бало бошад.

Беҳрӯзи Некхоҳ

Истиқлол дар расмҳо

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

Бахшҳои сомона

Муовинони Раис

Сомонаҳои расмӣ

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

МИҲД вилояти Суғд
МИҲД вилояти Суғд

Ташрифкунандагон

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз933
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта2553
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта933
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта10889
mod_vvisit_counterҲамин моҳ35947
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта39289
mod_vvisit_counterҲамагӣ4064432

ИСТИҚЛОЛ

Powered by Joomla CMS.