шаблоны joomla

Матни равон
"Ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо дастовардҳои назаррас истиқбол мегирем"
Print
PDF

ДАР БАЛАНД БАРДОШТАНИ МАЪРИФАТИ ЭКОЛОГИИ ШАҲРВАНДОН

(0 votes, average 0 out of 5)
There are no translations available.

Санаи 18-уми апрели соли равон дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр бо иштироки намояндаи Раёсати Кумитаи ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд Саидов Х.М. вохӯрӣ оид ба иҷрои қарори Раиси вилояти Суғд аз 25.05.2015, № 263 “Дар бораи татбиқи “Барномаи давлатии комплексии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии вилояти Суғд дар давраи то соли 2020” баргузор гардид, ки дар он мудирони шуъбаю бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва сохторҳои он, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, раисони кумитаи маҳаллаҳо, хонандагон ва донишҷӯёни муассисаҳои таълимӣ иштирок намуданд.

Сухани ифтитоҳиро муовини якуми Раиси шаҳр Шарифзода А.А. оғоз бахшида, ҳозиринро бо намояндаи Раёсати Кумитаи ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд Саидов Х.М. шинос намуд. Инчунин ӯ оиди мақсади асосии вохӯрӣ ибрози ақида намуда, риштаи суханро ба Саидов Х.М. дод.

 

Зимни суханрониаш Саидов Хуршед Мирзохоҷаевич оиди ҳадафҳои асосии “Барномаи давлатии комплексии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии вилояти Суғд дар давраи то соли 2020” ва роҳҳои амалисозии он, иҷроиши Барномаи мазкур аз ҷониби мақомотҳои маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят, аҳамияти “Китоби Сурхи Тоҷикистон” истода гузашт.

 

Сипас, иштирокчиёни вохӯрӣ ба суолҳои худ аз ҷониби баромадчиҳо ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.

Дар охири вохӯрӣ бо мақсади тарғиби маърифати экологӣ дар байни хонандагон аз ҷониби Раёсати Кумитаи ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд ба шӯъбаи маорифи шаҳр қисмҳои 1 ва 2-и “Китоби Сурхи Тоҷикистон” тақдим карда шуд.

Хулоса, вохӯрии мазкур дар сатҳи баланди ташкилӣ баргузор гардида, барои баланд бардоштани маърифати экологии сокинони шаҳр заминаи мусоиде хоҳад гузошт.

Шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳр

Истиқлол дар расмҳо

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

Бахшҳои сомона

Муовинони Раис

Сомонаҳои расмӣ

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

МИҲД вилояти Суғд
МИҲД вилояти Суғд

Ташрифкунандагон

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз531
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта1885
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта8905
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта11381
mod_vvisit_counterҲамин моҳ5606
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта39369
mod_vvisit_counterҲамагӣ4073460

ИСТИҚЛОЛ

Powered by Joomla CMS.