шаблоны joomla

Матни равон
"Ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо дастовардҳои назаррас истиқбол мегирем"
Печать
PDF

Худойназар Амонзода: Барои истиқболи арзандаи ҷашни сисолагии истиқлолияти давлатии Тоҷикистони маҳбубамон саъю талош хоҳем кард

(1 vote, average 5.00 out of 5)

Санаи 12-уми майи соли равон дар Кохи Борбади шаҳри Душанбе мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагии ҷомеаи кишвар баргузор гардид ва дар ин чорабинии сатҳи баланд Сарвари давлатамон суханронии пурмӯҳтаво намуданд, ки дарбаргирандаи масоили ҳаёти ҳамарӯзаи мардуми кишвар буд ва иҷрои он дастурҳои созанда вазифаи ҳар як нафар фаъоли ҷомеа мебошад.

Дар ин мулоқот махсусан Пешвои миллат қайд карданд, ки ҳадафи асосии роҳбарияти давлату Ҳукумати мамлакат боз ҳам баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардумамон, рушди устувори минбаъдаи давлатдории миллиамон, таъмин намудани саодати ҳар хонадони Тоҷикистон ва таҳкими нуфузу обрӯи он дар арсаи байналмилалӣ мебошад.

Дар ин раванд ҳар яки моро зарур аст, ки ҷиҳати рушди устувори соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ ва хусусан ҷиҳати арҷгузорӣ ба арзишҳои умумидавлативу миллӣ, таҳкими ваҳдати миллӣ бо шукргузорӣ аз истиқлолияту оромии ҷомеа кӯшиши беш аз пеш намоем.

Ёдовар мешавам, ки дар ҷаласаи Ҳукумати мамлакат, ки санаи 27-уми апрели соли ҷорӣ баргузор шуда буд Пешвои миллат ба роҳбарони ҳамаи вазорату идораҳо, сохтору мақомоти давлатӣ, раисони вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо, шаҳраку деҳот ва ташкилоту муассисаҳо, сарфи назар аз шакли моликияти онҳо, супориши қатъӣ дода буданд, ки ба ифтихори сисолагии истиқлолияти кишварамон, яъне то 9-уми сентябри соли 2021 ва дар сатҳи баланди омодагӣ пешвоз гирифтани ин ҷашни бузурги миллӣ корҳои созандагиву ободониро дар тамоми қаламрави кишвар ҳамаҷониба густариш бахшанд.

Дар ин самт мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истиқлол тасмим дорад, ки корҳои ободониву созандагӣ ва бунёдкоронаро бахшида ба ифтихори ин ҷашни бузург-Истиқлолият роҳандозӣ намояд, зеро яке аз бузургтарин ва муқаддастарин арзишҳои милливу давлатиямон истиқлолият ва ваҳдати миллӣ аст.

Дар ин мулоқот Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба аёдати беморону ранҷурон, ятимону маъюбон ва камбизоатону дармондагон нафарони саховатпеша ва сохторҳои дахлдорро муваззаф намуда, қайд карданд, ки мардуми мо кӯшиш мекунанд, ки фазилатҳои парҳезу накӯкориро бештар риоя кунанд, аз аъмоли зишт худдорӣ намоянд, ба аёдати падарону модарони худ ва беморону ранҷурон раванд ва шахсоне, ки тавону имконашон бештар аст, ба ятимону маъюбон ва камбизоатону дармондагон дасти мададу ёрмандӣ мерасонанд. Вобаста ба ин, ҳаминро қайд карданиям, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, роҳбарони корхонаву муассисаҳо ва шахсони саховатпеша чун анъанаи нек дар айёми иду ҷашнҳо ва дигар рӯзҳо ба нафарони ниёзманд кӯмакҳои моддӣ мерасонад ва оянда низ ин иқдом идома хоҳад кард.

Лозим ба қайд аст,ки дар кишварамон ба соҳаи маориф таваҷҷуҳи бевосита аз ҷониби Президенти маҳбуби кишвар равона карда шудааст ва дар ин мулоқот низ Пешвои миллат бобати тарбияи дурусти фарзандон чунин таъкид намуданд: “Мо бояд тамоми кӯшишу имкониятҳоямонро ба он равона созем, ки фарзандонамон дар рӯҳияи ватандӯстиву худшиносӣ, омӯхтани илму донишҳои муосир ва касбу ҳунарҳои замонавӣ ба камол расанд. Яъне ба сатҳи меъёрҳои байналмилалӣ расонидани соҳаҳои илму маориф, тарбия кардани насли ояндасоз ва кадрҳои замонаи нав вазифаи имониву виҷдонии ҳар яки мо мебошад.” Дар шаҳри Истиқлол низ бо дастгирии Пешвои муаззами миллат барои рушди соҳаи маориф тадбирҳои судманд андешида шуда истодааст ва мо шоҳид бар он ҳастем. Дар ин раванд омӯзгорону аҳли маорифро зарур аст, ки дар таълиму тарбияи насли наврас аҳамияти ҷиддӣ диҳанд.

Ҳамчунин дар суханрониашон Пешвои миллат таъкид доштанд, ки мардуми шарифи мо бояд аҳкоми шариатро доир ба зарари исрофкорӣ фаромӯш накунанд, боз ҳам сарфаю сариштакор бошанд ва ҳангоми доир намудани тӯю маърака ва дигар маросиму ойинҳо, ба тақлиду намоишкорӣ ва зоҳирпарастиву зиёдаравӣ роҳ надода, муқаррароти яке аз дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ Қонуни миллӣ “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”-ро қатъиян риоя намоянд. Лозим ба қайд аст аст, ки масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр бо мақсади татбиқи Қонуни мазкур чорабиниҳои муассирро амалӣ намуда истодаанд, вале ҳоло ҳам байни сокинон нафароне ҳастанд, ки муқаррароти Қонуни мазкурро риоя накарда, ба исрофкорӣ даст мезананд.Бояд ҳайати комиссияи доимӣ ва роҳбарони ташкилоту муассисаҳо ва фаъолони ҷомеа ҷиҳати татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “ Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз тамоми имконот истифода намоянд. Чуноне ки Пешвои миллат дар ин баромадашон қайд карданд: “Ҳамватанони азизи мо ҳамеша дар хотир бояд дошта бошанд, ки риояи муқаррароти қонуни мазкур танҳо ба манфиати ҳар як оила, зиндагии боз ҳам осудаи ҳар хонавода, яъне беҳбуди сатҳу сифати зиндагӣ ва шароити беҳтар барои таълиму тарбияи фарзандон мебошад.”

Бори дигар мехоҳам қайд намоям, ки ҳар яки мо бояд барои дар сатҳи баланд таҷлил намудани 30-юмин солгарди ба даст овардани истиқлолияти давлати азизамон аз ҳоли ҳозир камари ҳиммат бандем. Дар ин роҳ ба кулли фаъолони шаҳр барору комёбиҳоро таманно дорам.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Истиқлол дар расмҳо

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

Бахшҳои сомона

Муовинони Раис

Сомонаҳои расмӣ

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

МИҲД вилояти Суғд
МИҲД вилояти Суғд

Ташрифкунандагон

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз967
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта1219
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта2186
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта11772
mod_vvisit_counterҲамин моҳ10659
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта39369
mod_vvisit_counterҲамагӣ4078513

ИСТИҚЛОЛ

Powered by Joomla CMS.