шаблоны joomla

Матни равон
"Ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо дастовардҳои назаррас истиқбол мегирем"
Печать
PDF

Ҳисобот оид ба натиҷаҳои рушди иқтисодӣ-иҷтимоии соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳр дар нимсолаи аввали соли 2018

(0 votes, average 0 out of 5)

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истиқлол давоми нимсолаи аввали соли 2018 дар ҷодаи амалӣ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри баланд бардоштани самти иқтисодиву иҷтимоии тамоми соҳоти мухталифи хоҷагии халқи шаҳр, сатҳи зиндагии сокинон ва ҷиҳати идома додани корҳои созандагиву бунёдкорӣ кӯшиш намуда истодааст.

Ҳамзамон баъди аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эълон гардидани Соли 2018- “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истиқлол ҷиҳати тарғиби касбу ҳунаромӯзӣ, ҷалби ҷавонон ва махсусан бонувони хонашин ба омӯзиши ҳунарҳои мардумӣ ва барои дастгирии табақаи ҳунарманди ҷомеа кӯшиш ба харҷ намуда истодааст.

 

Иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ” яке аз самтҳои муҳими фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истиқлол маҳсуб меёбад.

 

Дар нимсолаи аввали соли 2018 ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр 403 адад муроҷиатҳои хаттии шаҳрвандон ворид гардидааст, ки вобаста ба масъалаҳои замин ва баҳси он 80 адад, ҷудо намудани манзил 202 адад, таъмири манзил ва таъмин шудан бо масолеҳи сохтмонӣ 12 адад, кӯмаки моддӣ 60 адад, гирифтани Сертификати замин 2 адад, сафари Ҳаҷ 4 адад, таъмин шудан ба оби нӯшокӣ ва полезӣ 4 адад ва масъалаҳои дигар 38 ададро ташкил медиҳад, ки аз ин шумора 171 адад қонеъ гардонида шуда, 83 адад фаҳмонида дода шуд ва 61 адад муроҷиатҳои хаттии шаҳрвандон рад карда шуд.

Баҳри баланд бардоштани дониши имловии кормандон, риояи забони давлатӣ ва ташкили номгузорӣ бо забони давлатӣ бо маблағгузории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр 25 адад китоби “Феҳрасти номҳои миллии тоҷикӣ” ва 40 адад китоби “Фарҳанги имлои забони тоҷикӣ” харидорӣ карда шуда, дастраси мутахассисон гардонида шуд.

То имрӯз номи 34 кӯчаву маҳаллаҳои шаҳр бо риояи меъёри забони тоҷикӣ иваз карда шуданд.

Дар панҷ муассисаҳои таълимашон ғайритоҷикӣ 49 адад синфҳои таълимашон бо забони тоҷикӣ кушода шуд, ки баҳри татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” мусоидат менамояд. Ҳолати риояи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълим ва тарбияи фарзанд” ва “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” зери назорати қатъӣ қарор дорад.

Дар давраи ҳисоботӣ дар шаҳр 24 адад маъракаҳо ба қайд гирифта шуданд, ки аз онҳо 17 адад тӯйи домодиву арусӣ, 5 адад маъракаҳои чил, 2 адад сол баргузор гардиданд. Барои баргузории ҳамаи маъракаҳо 53 ҳазор сомонӣ маблағ сарф гардидааст.

Гарчанде, ки корҳои тарғиботӣ ва фаҳмонидадиҳӣ дар шаҳр бобати татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” баргузор шуда бошанд ҳам, имрӯзҳо баъзе шаҳрвандон дидаю дониста талаботҳои Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёриву ҳуқуқиро вайрон менамоянд. Дар ин давра аз ҷониби масъулини Комиссияи доимии шаҳр нисбати ду нафар сокини шаҳр барои дағалона вайрон намудани моддаи 11-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” мутобиқи моддаи 481-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон парванди ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, бо қарори Суд ба онҳо ҷарима таъйин карда шудааст.

Бо мақсади иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 –юми августи соли 2013,№1504, “Дар бораи Стратегияи муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020” қарори раиси шаҳр аз санаи 10.04.2015,№62 “Дар бораи татбиқи Стратегияи муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020” дар шаҳри Истиқлол” ба тавсиб расида, дар асоси он Низомнома, нақшаи чорабиниҳо таҳия карда шуда, ҳайати Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба пешгирии коррупсия дар шаҳр таъсис дода шудааст. Тибқи нақшаи чорабиниҳои таҳиягардида корбариҳо дар самти пешгирии амалҳои коррупсионӣ, ташаккули мафкураи зиддикоррупсионӣ ва баланд бардоштани сатҳи фаъолнокии шаҳрвандон дар ҷараёни мубориза ва муқовимат бо коррупсия дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шудааст.

Маълумот оид ба иҷрои даромад ва хароҷоти буҷет

Дар натиҷаи андешидани тадбирҳо ҷиҳати боз ҳам ғанӣ гардонидани қисми даромади буҷети маҳаллӣ нақшаи қисми даромади буҷет ба санаи 1 июли соли 2018 107,9 фоиз иҷро гардида, ба ҷои 4 миллиону 194,3 ҳазор сомонӣ ба буҷет 5 миллиону 184,5 ҳазор сомонӣ маблағ ворид шуд. Қисми даромад аз рӯи 8 намуди андозҳо зиёда аз 100 фоиз иҷро гардида, аз ҳамин ҷиҳат ба буҷети маҳаллӣ иловатан 381,6 ҳазор сомонӣ маблағ ворид гардид, ки барои корҳои ободониву созандагӣ ва рушди маҳал масраф мегардад.

Дар давраи ҳисоботӣ нақшаи андози иҷтимоӣ ба 100,2 фоиз иҷро гардид, ҳамчунин нақшаи ғайрибуҷетӣ 1 миллиону 824 ҳазор сомонӣ буда, ба буҷет 1 миллиону 967,5 ҳазор сомонӣ ворид гардид, ки ба ҳолати 1-уми июли соли 2018, 107,9 фоизро ташкил медиҳад.

Ба санаи 1-уми июни соли 2018 бақияпулиҳои андози солҳои пешина ба маблағи 899,9 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, ки то имрӯз ба маблағи 50 ҳазор сомонӣ кам гардид.

Дар давраи ҳисоботӣ қисми хароҷоти буҷети маҳаллӣ бошад, аз рӯи нақша 6 миллиону 543,6 ҳазор сомонӣ буда, ба маблағи зиёда аз 6 миллиону 461 ҳазор сомонӣ, ё ин ки баробари 98,7 фоиз нисбат ба нақша иҷро гардида, қарз аз пардохтҳои бандҳои ҳимояшавандаи хароҷот дар шаҳр вуҷуд надорад.

Маълумот оид ба таъмини беҳбудии фазои сармоягузорӣ, рушди бахши хусусӣ ва мусоидат ба рушди соҳибкорӣ (бандҳои 29,31,32-и паём)

Дар шаҳр шумораи соҳибкорони хурду миёна 207 нафар (занон зиёда аз 30 фоиз) буда, аз ин шумора 45 нафар соҳибкорон дар асоси “Шаҳодатнома” ва 162 нафар дар асоси патент фаъолият мебаранд.

Барои афзун гардонидани иқтидори иқтисодии шаҳр ва ҳарчӣ бештар ҷалб намудани сармоягузорони дохиливу хориҷӣ корҳои муайян ба сомон расонида шуданд. Айни замон дар шаҳр 2 лоиҳаи инвеститсионии хориҷӣ, яъне лоиҳаи «Озуқаворӣ барои маориф» ва «Баланд бардоштани системаи обтаъминкунӣ дар шаҳрҳои шимоли Тоҷикистон» амал мекунанд.

Бо дастгирии лоиҳаи инвеститсионии «Озуқаворӣ барои маориф» аз аввали татбиқ то айни замон зиёда аз 129,5 ҳазор доллари амрикоӣ аз худ карда шуда, дар давоми нимсолаи аввали соли 2018 6 ҳазор доллари амрикоӣ маблағгузорӣ карда шудааст. Инвестори ин лоиҳа ташкилоти байналхалқии БОҶ ТММ мебошад.

Дар давраи ҳисоботӣ ба шаҳр сармоягузорони хориҷӣ ба маблағи 582 ҳазору 500 сомонӣ маблағгузорӣ намуданд.

Ҳамзамон сармояи дохилӣ ба маблағи 1 миллиону 721 ҳазор сомонӣ барои харидории мебел ва таҷҳизотҳои ёрирасон, бунёди нуқтаҳои хизматрасонӣ, сохтмони бинои хусусӣ дар шаҳр ворид гардидааст.

Давоми давраи ҳисоботӣ соҳибкорони маҳаллӣ дар умум барои беҳтар намудани фаъолият дар самти соҳибкории хурду миёна 5 нафар дар умум ба маблағи 80 ҳазор сомонӣ аз бонкҳои дар шаҳр мавҷудбуда қарз гирифтаанд.

Дар ин давра барои рушди соҳаи соҳибкорӣ ва бунёди марказҳои хизматрасонии маишӣ ба аҳолӣ ба 10 нафар соҳибкорони маҳаллӣ қитъаи замин ҷудо карда шудааст.

Маълумот оид ба рушди соҳаи саноат ва энергетика

Сохторҳои марбутаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва саноатчиён диққати асосиро барои зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, ҷалби мутахассисон ба кор, рушди соҳибкории хурду миёна, ҷалби бештари сармоягузорӣ, коркарди ашёи хоми маҳаллӣ ва истифодаи иқтидорҳои бозистода равона намуданд.

Ҳаҷми маҳсулоти саноатӣ бошад дар ин давра дар шаҳр бо нархҳои муқоисавӣ зиёда аз 15 миллиону 876 ҳазор сомонӣ расида, суръати афзоиш нисбат ба ҳамин давраи соли 2017, 126,2 фоизро ташкил дод. Аз ҷумла, корхонаҳои саноатӣ (4 адад) ба маблағи 12 миллиону 388 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуда, афзоиши ҳаҷми истеҳсолотро нисбати ҳамин давраи соли 2017 ба 121,2 фоиз баланд бардоштанд.

Дар давраи ҳисоботӣ ба маблағи 2 миллиону 786 ҳазор сомонӣ аз тарафи сектори хусусӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1,5 маротиба зиёдтар мебошад.

Бо мақсади бо либосҳои мактабӣ таъмин намудани хонандагони муассисаҳои таълимӣ дар соли хониши 2018-2019 шартномаи шуъбаи маорифи шаҳр ва муассисаҳои таълимӣ бо КВД “Нури Ховар”-и шаҳр баста шуда, айни замон корбарӣ идома дорад.

Рушди энергетика (банди 86 паём)

Аз тарафи аҳолӣ 702 ҳазор сомонӣ барои хизматрасонии характери саноатидошта, яъне барои обу ташноб ва барқ пардохт карда шудааст.

Идораи шабакаҳои барқ баҳри интиқоли бемайлони қувваи барқ, пардохти маблағи ҳаққи истифодаи он кӯшиш ба харҷ дод. Баҳри баланд бардоштани нишондиҳандаҳо ҷиҳати пардохти ҳаққи истифодаи қувваи барқ дар назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ситоди доимоамалкунанда ташкил гардидааст. Дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби аҳолӣ ва корхонаю ташкилотҳои шаҳр пардохти истифодаи қувваи барқ 90,8 фоизро ташкил дода, аз тарафи аҳолӣ бошад 101 фоиз пардохт гардидааст.

Маълумот оид ба ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолии мамлакат ба ғизои хушсифат

Дар ин давра 7 маротиба ярмаркаи фурӯши маҳсулотҳои кишоварзӣ дар шаҳр ташкил гардид, ки аз тарафи кишоварзони ноҳияҳои Ашту Мастчоҳ маҳсулотҳои ниёзи мардум бо нархҳои нисбатан арзон дастраси сокинон гардонида шуд.

Дар ин давра ҳолати ҷамъоварии маблағҳои истифодаи ҳаққи об 243 ҳазору 300 (77,7 фоиз) сомониро ташкил медиҳад, ки аз он 167 ҳазор сомон (62 фоиз) аз ҷониби аҳолӣ пардохт гардидааст.

Маълумот оид ба рушди соҳаи сохтмон ва меъморӣ

Дар ин давра ба сокинони шаҳр қитъаи замини наздиҳавлигӣ ҷудо нагардидааст, вале дар соли 2017 ба 59 нафар сокинони шаҳр қитъаи замини ҳавлигӣ ҷудо карда шуд.

Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31-уми октябри соли 2014 таҳти №682 нақшаи генералии шаҳри Истиқлол тасдиқ гардида, дар доираи он давоми давраи сипаригардида қитъаи замин барои сохтмони марказҳои хизматрасонӣ ба аҳолӣ ҷудо карда шудааст. Дар маҳалҳои аҳолинишин бошад 12 адад хонаҳои истиқоматӣ бо масоҳати умумии 1905,0 метри мураббаъ сохта шудаанд.

Дар давоми сол фондҳои асосӣ ба маблағи 1 миллиону 410 ҳазор сомонӣ ба кор андохта шуд, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 106 фоизро ташкил дод.

Бо мақсади дар сатҳи баланд таҷлил намудани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истиқлол иборат аз 44 банд доир ба ташкили корҳои ободонию созандагӣ ва сохтмонӣ барои солҳои 2018-2021 таҳия гардида, мувофиқи он корбарӣ дар самти бунёд ва таъмири иншоотҳои маорифу тандурустӣ, фарҳанг, роҳҳо, корхонаву коргоҳҳои истеҳсолӣ, ободу зебо гардонидани маҳалли зист, ва анҷом додани корҳои дигари созандагӣ, аз ҷумла боғҳои фарҳангиву фароғатӣ, гулгаштҳо, толору майдончаҳои варзишӣ ва бозиҳои кӯдакон, таъсиси марказҳои хизматрасонӣ идома дорад.

Маълумот оид ба рушди инфрасохтор ва нақлиёт

Дар шаҳр роҳҳои маҳаллӣ 64 км-ро ташкил дода, дар тавозуни КДФ “Хоҷагии манзилию коммуналӣ” қарор дорад. Дар давраи ҳисоботӣ аз буҷети маҳаллӣ ва соҳибкорон дар шаҳр ҳамагӣ ба масоҳати 7,2 километр роҳҳо ба маблағи 190 ҳазор сомонӣ таъмиру тармим карда шуда, 5,5 км роҳҳои автомобилии маҳаллии истифодаи умумии таъмирталаб мавҷуд мебошанд. Инчунин зиёда аз 800 метри мураббаъ роҳравҳои кӯчаи марказии шаҳр бо тахтаҳои сафолӣ (брусчатка) рупӯш гардидааст.

Айни замон дар ҳудуди шаҳр 10 адад микроавтобусҳо ва як адад автобус ба аҳолӣ хизмат мерасонанд.

Маълумот оид ба рушди соҳаи алоқа ва технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ

Дар давраи ҳисоботӣ рӯзномаи маҳаллии “Навиди Истиқлол” ҳафтае як маротиба ба нашр расид, ки дар он маводу мақолаҳо оиди масъалаҳои рӯзмарра, тарғиби дастовардҳои даврони соҳибихтиёрии мамлакат ва чорабиниҳои ҷашниву сиёсӣ, иқтисодиву фарҳангӣ рӯи чоп омаданд.

Масъалаи пахши барномаҳои телевизион ва радио дар шаҳр қаноатбахш буда, мардум аз пахши барномаи телевизионҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Тоҷикистон” 100 фоиз, «Ҷаҳоннамо» 100 фоиз, “Сафина” 100 фоиз ва телевизиони вилояти Суғд ҳамагӣ 100 фоиз ва барномаҳои якуми радио 80 фоиз, барномаҳои сеюми радио 50 фоиз, барномаҳои радиои «Фарҳанг» 50 фоиз, барномаҳои радиои Суғд 100 фоиз истифода мебаранд.

Маълумот оид ба вусъати шуғли пурмаҳсул

Масъалаи мубрами рӯз ин вуҷуд доштани ҷойҳои холии корӣ, нарасидани мутахассисон ва бекорӣ дар байни аҳолӣ мебошад. Дар давраи ҳисоботӣ аз тарафи бахши Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ 154 нафар, аз ҷумла 78 нафар занон бо ҷойи кори доимӣ таъмин карда шуданд.

Инчунин аз ҳисоби шаҳрвандони корҷӯянда ва бекор 80 нафар ба тариқи роҳхати бахши Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ ба касбомӯзонӣ ба ихтисосҳои қолинбофӣ, адрасбофӣ ва дӯзандагӣ ҷалб карда шуданд.

Шумораи расман ҳамчун бекор ба қайд гирифташуда дар шаҳр 120 нафарро (66 нафар занҳо) ташкил медиҳанд.

Музди миёнаи меҳнат айни замон 863 сомону 60 дирамро ташкил дода, ба ҳолати 1-уми июни соли 2018 қарзи музди маош дар шаҳр вуҷуд надорад.

Бо мақсади эҳёи касбҳои мардумӣ ва ҷиҳати таъсиси ҷойҳои нави корӣ 80 нафар шаҳрвандон бо касбҳои қолинбофӣ, адрасбофӣ ва дӯзандагӣ ҷалб карда шуданд.

Дар давраи ҳисоботӣ 739 нафар сокинони шаҳр (аз ҷумла занон 239 нафар) аз муҳоҷират баргашта, 261 нафар (аз ҷумла 81 нафар занон) ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтанд.

Айни замон дар шаҳр 263 нафар шаҳрвандони хориҷӣ аз Ҷумҳурии Халқии Хитой барои фаъолият дар Минтақаи саноатии Тоҷикистону Хитой ва 1 нафар аз Бритониёи Кабир ба ҳайси роҳбари ҶДММ “Нуқрафом” кору фаъолият доранд.

Маълумот оид ба рушди сармояи инсонӣ (маориф)

Дар шаҳр ҳамаи кӯдакони синни мактабӣ ба таҳсил фаро гирифта шуданд. Муассисаҳои таълимии шаҳр пурра ба омӯзгорон таъмин мебошанд.

Ҳамаи муассисаҳо аз таъмири ҷорӣ бароварда шуда, иҷроиши барномаҳои соҳавӣ дар сатҳи зарурӣ қарор дорад.

Барномаи компютеркунонии муассисаҳои таълимӣ пурра иҷро гардида, ба 6 нафар хонанда 1 компютер рост меояд.

Давоми давраи ҳисоботӣ аз 131 нафар хатмкунанда 66 нафар ҳуҷҷатҳои худро тариқи Маркази миллии тестӣ барои дохил шудан ба муассисаҳои таҳсилоти олии ҷумҳурӣ дар нуқтаҳои бақайдгирии ММТ супориданд. Ҳамчунин 10 нафар тариқи квотаи Президентӣ ба муассисаҳои олии кишвар дохил гардиданд.

Дар олимпиадаи фаннии ҷумҳуриявӣ хонандаи МТМУ№1 Алиева Парвина аз фанни забон ва адабиёти рус ширкат варзида, сазовори ҷойи дуюм ва медали нуқра гардид.

Барои таҷҳизонидани се кабинетҳои фаннӣ (физика, химия, биология) аз тарафи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон маводҳои лабораторӣ дастрас карда шуд. Ҳамчунин 950 адад мизу курсӣ барои нишасти омӯзгорону хонандагон дастрас гардид.

Дар давраи ҳисоботӣ сатҳи дониши хонандагони макотиби шаҳр ба ҳисоби миёна 3,4 балро ташкил дод.

Ҳамзамон 39 нафар омӯзгорони фанҳои табии-риёзӣ дар моҳи январ аз курсҳои таълими босалоҳият гузаштанд.

Баҳри иҷрои Барномаи ташаккули муассисаҳои томактабӣ дар бинои кӯдакистони №8-и шаҳр корҳои таъмирӣ рафта исдодааст, ки дар соли хониши 2018-2019 фаъолияти хешро оғоз хоҳад кард. Дар ин кӯдакистон 130 нафар кӯдакон ба тарбия фаро гирифта хоҳанд шуд. Ҳамзамон аз ҷониби Ширкати саноати кӯҳии “Тоҷикистону Хитой” як адад кӯдакистони нав бунёд ёфта истодааст, ки то охири сол мавриди истифода қарор дода мешавад.

Маълумот оид ба рушди сармояи инсонӣ (тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ)

Хизматрасонии тиббию санитариро ба аҳолии шаҳр беморхонаи марказии шаҳр, маркази саломатии шаҳрӣ, маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ ва маркази ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил мерасонанд. Дар ин давра боми бинои маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳр бо маблағи 60 ҳазор сомонӣ шиферпӯш карда шуда, бинои шуъбаи таваллудхона бо маблағгузории буҷаи маҳаллӣ бо харҷи 140 ҳазор сомонӣ аз таъмир бароварда шуда истодааст.

Дар давраи ҳисоботӣ дар шаҳр 104 нафар кӯдаки зиндатаввалуд ба қайд гирифта шуд, ки нисбати ҳамин давраи соли 2017 26 адад кам мебошад. Нишондиҳандаи таваллуд ба 1000 нафар аҳолӣ 6,3 мебошад, ки нисбати соли 2017 ба 1,7 нишондиҳанда кам шудааст. Дар ин давра ҳодисаи фавти кӯдаки то 1-сола ба қайд гирифта нашудааст.

Дар давраи ҳисоботӣ бо сабабҳои беморӣ ва дигар ҳодисаҳо 27 нафар (соли 2017- 40 нафар) аз қайди ҳаёт гузаштанд. Нишондиҳандаи фавт ба 1000 аҳолӣ 1,6 мебошад. Ҳамин тариқ афзоиши табии аҳолӣ дар ин давра ба 4,7 баробар мебошад. Фавти модар ба қайд гирифта нашудааст.

Дар муассисаҳои соҳаи тандурустии шаҳр 33 нафар духтурон ва 104 нафар ҳамшираҳои тиб фаъолият мебаранд.

Баҳри иҷрои фармоиши Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 сентябри соли 2016, №690 «Оид ба татбиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 августи соли 2016, №374 «Дар бораи Қоидаҳои гузаронидани муоинаи тиббии ҳатмии шахсони никоҳшаванда» корҳои муайян ба сомон расонида шуд. Дар давраи ҳисоботӣ 52 нафар ниқоҳшавандагон аз муоинаи тиббии ройгон гузаронида шуданд. Тибқи фармоиши мазкур ниқоҳшавандагон аз флюрографияи қафаси сина, таҳлили хуну пешоб, таҳлили хун барои ҚW, ВНМО, гепатитҳо бо тестҳои оҷилӣ ва аз муоинаи табиби оилавӣ мегузаранд. Ҳангоми гузаронидани муоина бемориҳои музмин ва бо роҳи ҷинсӣ гузаранда дарёфт карда нашудааст.

Дар давраи ҳисоботӣ дар ҳуҷраи солимии репродуктивӣ 234 (соли 2017- 229) ҳомиладорон ба қайд гирифта шуда, аз онҳо 218 (2017- 219) нафарашон то 12 ҳафтаи ҳомиладорӣ аввалин маротиба ташриф овардааанд, ки 93 (2017-95,3) фисадро ташкил менамояд. 63 ҳомиладорон дар мӯҳлат ва 5 нафарашон исқоти ҳамл карданд. Аз шумораи умумии ҳомиладорон 230 (2017-225) нафарашон таҳлили ҚW 98,2 % (2017-98,2%), 233 нафарашон як маротиба 99,5 % ва 113 нафарашон ду маротиба таҳлили СПИД-ро гузаштанд. Таҳлилҳо ба тариқи ройгон гузаронида шудааст. Тестҳои оҷилӣ аз тарафи МСРВ ва аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ ва махсуси маркази саломатӣ харидорӣ карда шуда истодааст.

Дар давраи ҳисоботӣ дар шаҳр бемориҳои махсусан хавфноки сироятии домана, исҳоли хунин, вараҷа, сухтанӣ ба қайд гирифта нашудааст. Дар ҳамин давра 3 ҳодисаи беморшавии зардпарвини «А», 4 ҳодисаи захмбардорӣ аз ҳайвонот ба қайд гирифта шудааст.

Соҳаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ

Бо мақсади иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28-уми октябри соли 2016, таҳти №155 “Дар бораи Барномаи милли тавонбахшии маъюбон барои солҳои 2017-2020” қарори раиси шаҳр аз санаи 3-юми марти соли 2017 таҳти №55 “Дар бораи Барномаи милли тавонбахшии маъюбон барои солҳои 2017-2020” ба тавсиб расид, ки тибқи он корбарӣ мунтазам идома дорад.

Шумораи маъюбон дар шаҳр 255 нафар буда, аз ин шумора маъюбони то синни 18 сола 32 нафар мебошанд, ки ин теъдод 27 нафарашон гурӯҳи маъюби 1, 146 нафар маъюби гурӯҳи 2 ва 54 нафар маъюби гурӯҳи 3 мебошанд.

Дар шаҳр шумораи оилаҳои камбизоат ва дар ҳолати зиндагии душвор қарордошта 178 нафар мебошанд.

Дар шуъбаи Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Истиқлол 1111 нафар нафақахӯрон ба қайд гирифта шудаанд. Андозаи нафақаи миёна аз рӯи ҳисоботи оморӣ 246,80 сомониро ташкил медиҳад.

Талаботи нафақа бошад, дар давраи ҳисоботӣ як миллиону 667 ҳазору 383 сомониро ташкил медиҳад, ки он пурра пардохт гардидааст.

Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти дастгирии оилаҳои камбизоат, ятимону маъюбон, ки санаи 12-уми майи соли 2018 дар шаҳри Душанбе дар мулоқоташон бо аҳли намояндагони ҷомеа баён намуда буданд аз ҷониби як нафар соҳибкор ба зиёда аз 130 нафар кӯдакони ятим ба ҳар як нафар аз 200 то 500 сомонӣ дар умум ба маблағи 30 ҳазор сомонӣ туҳфаи пулӣ тақдим карда шуд.

Дар умум давоми давраи ҳисоботӣ оилаҳое, ки фарзанд ва ё саробонашонро дар барқароркунии сохти конститутсионӣ гум кардаанд, иштирокчиёни амалиётҳои ҷангӣ дар қаламрави давлатҳои дигар, маъюбони гурӯҳи 1, маъюбони то синни ҳаҷдаҳсола, собиқадорони меҳнат, оилаҳои камбизоат ва камбизоаттарин, оилаҳои ду ва зиёда маъюбдошта ва дигар шахсони эҳтиёҷманд аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, корхонаву муассиса ва шахсони алоҳида аёдат карда шуда, ба ҳар яке кӯмаки моддӣ ба тариқи маводи хӯрока ва кӯмакпулӣ ба маблағи 78 ҳазору 650 сомонӣ дастрас карда шуд.

Ҳамчунин ба 26 нафар шахсони эҳтиёҷманд аз ҳисоби фонди захиравии раиси шаҳр ба маблағи 3 ҳазор сомонӣ кӯмаки яквақтаина дода шуд.

Маълумот оид ба вазъи соҳаи фарҳанг

Дар ин давра Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рӯзи Модар, Наврӯзи байналмилалӣ, Рӯзи Ғалаба, Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон, Рӯзи байналмилалии кӯдакон ва Рӯзи ваҳдати миллӣ дар сатҳи баланди фарҳангиву сиёсӣ таҷлил гардиданд.

Дар ин давра барои таъмири дохили бинои Қасри фарҳанги шаҳр 146 ҳазор сомонӣ ҷудо гардида, корҳои бунёдӣ идома доранд.

Маълумот оид ба таъмини аҳолӣ бо оби тоза, беҳдошт ва дастрасӣ ба хизматрасонии коммуналӣ

Баҳри таъминоти аҳолии шаҳр бо оби нӯшокӣ дар пойгоҳи обкашии №5, воқеъ дар маҳаллаи якуми шаҳр ду ҳавзи ғунҷоишаш 1000 метри мураббаъ сохта ба истифода дода шуд.

Бо мақсади беҳтар гардонидани таъминоти аҳолӣ бо оби нӯшокӣ корҳои назаррас анҷом дода шуданд ва айни замон хонаҳои баландошёна низ бо оби нӯшокӣ таъмин мебошанд.

Айни замон дар шаҳр Лоиҳаи инвеститсионии хориҷии «Баланд бардоштани системаи обтаъминкунӣ дар шаҳрҳои шимоли Тоҷикистон» амал мекунанд.

Аз аввали татбиқи лоиҳаи инвеститсионии «Баланд бардоштани системаи обтаъминкунӣ дар шаҳрҳои шимолии Тоҷикистон» дар шаҳри Истиқлол, ки дар се марҳила пешбинӣ шудаааст то ҳол 1 миллиону 700 ҳазор доллари ИМА маблағ ҷудо карда шудааст. Инвестори лоиҳаи мазкур Бонки Аврупоии “Таҷдид ва Рушд” мебошад. Аз аввали сол 576 ҳазору 500 доллари амрикоӣ аз худ карда шудааст.

Беҳдошт ва дастрасӣ ба хизматрасониҳои коммуналӣ

Ҷамъоварии маблағи ҳаққи хизматрасонии коммуналӣ аз ҷониби аҳолӣ ва корхонаву ташкилотҳо маблағи 252 ҳазору 688 сомониро ташкил медиҳад.

Маълумот оид ба таъмини устувори экологӣ ва рушди устувор

Дар давоми моҳҳои сипаригардида дар ҳудуди шаҳр ягон ҳодисаҳои фавқулодаи хусусияти табиидошта ба қайд гирифта нашудааст.

Барои беҳтаргардонии фаъолияти Сидод оид ба ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граҷдании шаҳри Истиқлол таҷҳизоти тақвияти алоқаи мобилӣ харидорӣ карда шуд.

Дар ин давра дар ҳудуди шаҳр 6490 бех ниҳолҳои ҳамешасабз, 1800 бех сафедор ва 90 ҳазор бех гулҳои гуногун шинонида шуданд.

Дар давраи ҳисоботӣ 25 шанбегиҳои умумишаҳрӣ гузаронида шуданд, ки дар онҳо зиёда аз 13 ҳазору 500 нафар шаҳрвандон иштирок намуданд.

Дар шаҳр 28 адад нуқтаҳои партовҳои маишӣ мавҷуд буда, ба талаботи муқарраргардида ҷавобгӯй мебошанд. Баҳри ободиву тозагии шаҳр 4 ҳазор метри кубӣ партовҳо бароварда шуд.

Дар ин давра ба масоҳати 310 метри мураббаъ боми хонаҳои истиқоматии баландошёна шиферпӯш карда шуда, ба масофаи 100 метр қубурҳои ташноби биноҳои истиқоматӣ иваз карда шуд.

Маълумот оид ба соҳаи кор бо ҷавонон ва варзиш

Бо мақсади дастгирии ҷавонону наврасони ятим ва дар рафти Ҳамоиши ҷумҳуриявӣ таҳти унвони “Пешвои миллат-ғамхори ятимон” вохӯрии раиси шаҳр бо 14 нафар ятимон баргузор шуда ба ҳар як нафар ба маблағи 100 сомонӣ эҳдо карда шуд.

Ҳамзамон бо мақсади дастгирии ҷавонони фаъол ва илмомӯз вохӯрии раиси шаҳр бо донишҷӯён – сокинони шаҳр, ки дар муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар дар шаҳри Душанбе таҳсил доранд баргузор гардида, ба ҳар яки онон ба маблағи 100 сомонӣ тақдим ва барои онҳо дастурхони идона ташкил карда шуд.

Ҳамзамон дар доираи Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ба 35 нафар гирандагони Стипендияи раиси шаҳр ба маблағи 360 сомонӣ тақдим гардид.

Варзишгарони шаҳрамон дар давраи ҳисоботӣ дар як мусоибқаи Осиё, ду мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ ва 8 мусобиқаи вилоятӣ иштирок намуда, сазовори 28 ҷойи якум, 24 ҷойи дуюм ва 25 ҷойи сеюм гардиданд.

Ҳамзамон бо мақсади ҷалби ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ корҳои фаҳмонидадиҳӣ байни аҳолӣ хуб ба роҳ монда шуда, нақшаи даъвати баҳорона саривақт ва пурра иҷро гардид.

Бо мақсади рушди соҳаи футбол ва тарғиби тарзи ҳаёти солим дар шаҳр Федератсияи футбол ташкил гардид ва айни замон дастаи мунтахаби шаҳр бо номи “Металлург” дар мусобиқаҳои вилоятӣ иштирок намуда истодааст.

Ҳамзамон тибқи нақшаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр давоми соли равон бояд 10 адад майдончаҳои варзишӣ бунёд гардад. Айни замон ду адад майдончаҳои варзишӣ ва майдони бозии кӯдакон сохта ба истифода дода шуд.

Барои рушди иҷтимоӣ, саломатии ҷавонон ва тарбияи ватандӯстии ҷавонон, ташкили чорабиниҳои гуногун барои ҷалби ҷавонон ба тарзи ҳаёти солим дар ин давра аз буҷаи маҳаллӣ 52 ҳазору 887,5 сомонӣ маблағ ҷудо карда шуд. Аз ҷониби сарпарастон ва соҳибкорон то ин давра 12 ҳазор сомонӣ маблағ барои пешбурди соҳаи варзиш ҷалб гардид.

Маълумот оид ба масъалаҳои баробарии гендерӣ

Дар ин давра дар вазифаҳои роҳбарикунанда 38 нафар занҳо фаъолият намуда, дар интихоботи гузашта 8 нафар занон вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳр интихоб гардиданд.

Аз 66 нафар хизматчиёни давлатӣ 24 нафарашонро занон ташкил медиҳанд, ки 37 фоизро ташкил медиҳад ва аз ҷумла 9 нафар занон дар мансабҳои роҳбарикунандаи хизмати давлатӣ фаъолият доранд.

Бахшида ба Рӯзи Модар ба 200 нафар занони фаъол аз корхонаву муассисаҳои шаҳр туҳфаҳо тақдим карда шуд.

Инчунин 5 нафар дар захираи кадрҳои роҳбарикунандаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр қарор доранд.

Маълумот оид ба ҳолати кор дар самти иттиҳодияҳои динӣ

Дар ҳудуди шаҳри Истиқлол 1 масҷиди ҷомеъ ва 3 масҷиди панҷвақта амал мекунад, ки онҳо аз қайди давлатӣ гузаронида шуда, назорати фаъолияти онҳо дар мадди аввали назари мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр қарор дорад.

Дар давраи ҳисоботӣ ягон нафар истиқоматкунандагони шаҳр дар хориҷи кишвар дар муассисаҳои динӣ набуда, пайравони мазҳабу ҷараёнҳои бегона ба қайд гирифта нашудааст.

Ҳамзамон ҳолатҳои ба масчид рафтани ноболиғон ба назар намерасад ва барои нарафтани онҳо дар якҷоягӣ бо сохторҳои дахлдор чораҳои қатъӣ андешида мешавад.

Маълумот оид ба рушди соҳаи хизматрасониҳои пулакӣ

Хизматрасонии молиявӣ ба аҳолии шаҳр аз ҷониби Филлиали БДА “Амонатбонк” ва марказҳои хизматрасонии бонки “Эсхата” ва “Имонинтерншнл” пешниҳод карда мешаванд. Дар давоми нимсолаи аввали соли 2018 интиқоли пулӣ ба воситаи ин бонкҳо маблағи 18 миллиону 750 ҳазор сомониро ташкил дод, ки нисбат ба соли гузашта 75 фоиз зиёдтар мебошад.

Ҳаҷми хизматрасонии пулакӣ ба аҳолӣ аз рӯи ҳамаи соҳаҳои хизматрасонӣ дар давраи ҳисоботии соли 2018 7 миллиону 100 ҳазор аст, ки нисбат ба соли гузашта 106,5 фоиз мебошад. Ғайр аз ин ҳаҷми хизматрасонии тарабхонаҳо ва ошхонаҳо 700 ҳазор сомониро ташкил дод, ки нисбат ба соли гузашта 112 фоиз афзоиш ёфтааст.

Маълумот оид ба пешгирии ҳолатҳои ҷинояткорӣ ва коррупсия

Ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон, таъмини волоияти қонун ва тартиботи ҳуқуқӣ яке аз вазифаҳои асосии давлат мебошад. Таҳлили вазъи ҷинояткорӣ нишон медиҳад, ки дар миқёси шаҳр миқдори умумии ҷиноятҳои содиршуда дар давраи ҳисоботӣ ҳамагӣ 35 ададро ташкил медиҳад.

Дар ин давра як ҳолати худкушӣ (зан) ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта як адад кам мебошад.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истиқлол дар оянда низ ҷиҳати рушди соҳоти мухталифи хоҷагии халқи шаҳр аз тамоми имконот истифода хоҳад кард.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Истиқлол дар расмҳо

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

Бахшҳои сомона

Муовинони Раис

Сомонаҳои расмӣ

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

МИҲД вилояти Суғд
МИҲД вилояти Суғд

Ташрифкунандагон

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз936
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта2553
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта936
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта10889
mod_vvisit_counterҲамин моҳ35950
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта39289
mod_vvisit_counterҲамагӣ4064435

ИСТИҚЛОЛ

Powered by Joomla CMS.