шаблоны joomla

Матни равон
"Ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо дастовардҳои назаррас истиқбол мегирем"
Печать
PDF

Табрики раиси шаҳри Истиқлол Худойназар Амонзода бахшида ба Рӯзи металлург

(0 votes, average 0 out of 5)

Муҳтарам металлургҳо!

Бо истифода аз фурсати муносиб Шуморо ба Рӯзи касбиатон табрику муборакбод намуда, ба ҳар яки Шумо тансиҳативу хотирҷамъӣ ва бурдбориҳоро дар фаъолияти ҳамарӯза таманно дорам.

Лозим ба қайд аст, ки баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ ва Ваҳдатӣ миллӣ, ки муқаддастарин дастовардҳо барои тоҷикистониён маҳсуб меёбад рушди тамоми соҳаҳо, бахусус соҳаи саноати металлургия дар кишварамон таъмин гардида истодааст ва имрӯзҳо фаъолият намудани даҳҳо корхонаҳои азими саноатӣ ва якчанд корхонаҳои металлургӣ аз он дастовардҳо дарак медиҳад. Давоми солҳои охир бо ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷалби сармояи дохилию хориҷӣ дар мамлакат рушди соҳаи саноати металлургӣ таъмин гардида, корхонаҳои нав ба кор дароварда шуд, ки дар ин замина истихроҷ ва коркарди маъдан то ба ҳадди ниҳоӣ расид ва ин иқдом дар рушди иқтисоди миллӣ ва таъсиси ҳазорҳо ҷойҳои нави корӣ натиҷаи дилхоҳ ба бор овард. Хусусан дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ин раванд вусъати бештар пайдо кардааст.

Дар шаҳри Истиқлол низ ба хотири рушди иқтидори саноатии кишвар бо дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корхонаи азими металлургӣ бунёд ёфт ва дар ин замина барои раванди беҳдошти молиявии мамлакат ва рушди соҳаи саноати шаҳр корхонаи мазкур мусоидат намуда истодааст.

Моҳи ноябри соли гузашта дар арафаи таҷлили ҷашни 25-умин солгарди Иҷлосияи тақдирсоз сафари кории Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Истиқлол баргузор гардида буд ва дар ин ташрифашон Сарвари маҳбуби кишвар дар баистифодадиҳии корхонаи азими металлургӣ ширкат варзиданд. Ва дар рафти суханрониашон бо фаъолони шаҳр чунин қайд карданд, ки “Бунёди корхонаи металлургии Минтақаи саноатии Тоҷикистону Хитой дар шаҳри Истиқлол, ки боз як қадами ҷиддӣ ба сӯи саноатикунонии мамлакат ба ҳисоб меравад, бо иқтидори истеҳсолии 50 ҳазор тонна металли сурб дар як сол идомаи раванди бунёдкориву созандагӣ дар кишвари соҳибистиқлоламон буда, нақши ин коргоҳи бузурги истеҳсолӣ дар рушди соҳаи саноати миллӣ, афзудани иқтидори истеҳсолии мамлакат, даромади буҷет, ҷойҳои нави корӣ ва беҳбудии ҳаёти иҷтимоӣ, бахусус, рӯзгори сокинони шаҳр ва вилоят муассир хоҳад буд.”

Қайд кардан зарур аст, ки дар ин корхонаи азим истеҳсоли металли сурб ба роҳ монда мешавад, ки дар давраи таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бори аввал маҳсуб меёбад ва аз ҷониби Пешвои миллат рафти оғози расмии корхона ба якумин сабикаи металли сурб, тамғаи №1 гузошта шуд.

Тавре дар боло қайд намудам, яке аз мақсадҳои асосии ташкили корхонаи мазкур ин таъмини мутахассисони маҳаллӣ ба ҷойи кор мебошад. Дар рафти сохтмони ин корхона зиёда аз 500 нафар сокинон бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин гаштанд ва айни замон дар ин корхона зиёда аз 300 нафар мутахассисони муҳаллӣ бо ҷойи кор таъмин гардида, маоши миёнаи онон аз 800 то 1500 сомониро дар бар мегирад.

Дар мавриди мусоидати корхона ба рушди шаҳр ҳаминро қайд карданиям, ки бо дастгирии молиявии корхона, сараввал ду адад пойгоҳи обкашии пуриқтидор, ки дар баробари талаботи минтақа, инчунин эҳтиёҷоти сокинони шаҳри Истиқлолро бо оби нӯшокӣ қонеъ менамоянд, сохта шудаанд. Ҳамчунин дар масъалаи таъмири роҳҳо ва бунёди иншоотҳои дигар корхона тавонистааст кӯмаки хешро расонад.Ин раванд дар оянда низ бояд идома ёбад.

Ҳамзамон масъалаи асосӣ ин пурра ба кор андохтани иқтидорҳои корхона маҳсуб меёбад ва бояд маъмурияти корхона дар истифода бо малакаи касбии хеш барои ба фаъолияти ҳаматарафа оғоз кардани корхона аз тамоми имконот истифода намоянд. Зеро ба фаъолияти пурра гузаштани корхонаи металлургӣ барои беҳтар гардидани иқтидори саноати металлургияи кишвар ва рушди соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи шаҳр мусоидат менамояд.

Бори дигар, Шумо мутахассисон-металлургҳоро ба Рӯзи касбиатон табрик намуда, бароятон бахту иқболи нек ва рӯзгори ободро таманно дорам.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Истиқлол дар расмҳо

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

Бахшҳои сомона

Муовинони Раис

Сомонаҳои расмӣ

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

МИҲД вилояти Суғд
МИҲД вилояти Суғд

Ташрифкунандагон

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз3
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта1056
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта3
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта11381
mod_vvisit_counterҲамин моҳ36073
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта39289
mod_vvisit_counterҲамагӣ4064558

ИСТИҚЛОЛ

Powered by Joomla CMS.