шаблоны joomla

Матни равон
"Ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо дастовардҳои назаррас истиқбол мегирем"
Печать
PDF

Терроризм –зуҳуроти махуф

(0 votes, average 0 out of 5)

Солҳои охир яке аз мушкилиҳое, ки тамоми ҷомеаи муосирро фаро гирифтааст, ин экстремизм, терроризм ва дигар зуҳуроти номатлубу хатарзо мебошад. Намояндагони гурӯҳҳои даҳшатафкан, дар навбати аввал, бо одамоне кор мекунанд, ки таҷрибаи кофии рӯзгор надоранд, донишҳои дунявӣ ва диниашон сатҳӣ буда, дар зиндагӣ бо мушкилоте, чун қашшоқӣ, бекорӣ, муҳоҷират ва монанди ин дучор шудаанд. Бо назардошти он ки тағйироти афкору рафтори афроди ҷалбшаванда, тадриҷан ноаён сурат мегирад ва зери ниқоби асосҳои диние, ки ба тарзи шубҳанок тафсир мешаванд, атрофиён на ҳамеша метавонанд сари вақт нишонаҳои ташвишоварро пай баранд ва дар натиҷа фурсатеро, ки дахолат кардан ва дигар кардани ҳолат имкон дорад, аз даст медиҳанд. Аз ҳамин сабаб, намояндагони мақомоти давлатӣ, сохторҳои динӣ, маориф дар мавриди тадбирҳои пешгирӣ дер мекунанд, ки он боиси вусъат пайдо намудани радикализим, ифротгароӣ ва даҳшатафканӣ дар байни ҷавонон мешавад.

Амалиёти сиёсии ифротгароӣ ё террористӣ дар шаклҳои гуногуни фаъолият, аз зуҳуроти аз доираи конститутсия беруннараванда сар шуда, бо шаклҳои шӯриш, фаъолияти исёнгарона, терроризм сурат мегирад, ки дар фаъолияти ҳизби террористии наҳзат куллан дида шудааст.

Мехостам доир ба яке аз нафарони ифротгаро, ки дар тафриқаандозӣ миёни ҷомеаи Тоҷикистон даст дошт, Қиёмиддини Ғозӣ ҳарф занам, ки мо тариқи синамо пушаймониҳои ӯ ва амалҳои разилонаашро аз филми “Решаҳои ноаён” тамошо кардем.

Саид Қиёмиддин Ғозӣ яке аъзои ҳизби наҳзат ба ҳисоб мерафт ва моҳи ноябри соли гузашта дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия боздошт ва ба Тоҷикистон фиристонда шуд. Ин рӯҳонии 66-сола ҳамакнун давраи ҷазояшро дар маҳбаси низомаш сангин сипарӣ хоҳад кард. Бояд гуфт, ки Саид Қиёмиддин мазҳаби шиаро қабул карда, яке аз сабабгорони бадбахтиҳои ҷанги шаҳрвандии солҳои навадум ба ҳисоб меравад. Худаш иқрор аст, ки ҳамин қадар сол мазҳаби шиаро қабул кардааст ва пурра бо супориши сохтори ҷосусии кишвари ба мо “дӯст” зидди миллати тоҷик кор кардааст.

Ахиран болои амалҳои нопоки хеш Ғозӣ Қиёмиддин ҷавоби сазовор гирифт, ки пушаймониҳояш аз он дарак медиҳад.

И.Ниёзов

Истиқлол дар расмҳо

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

Бахшҳои сомона

Муовинони Раис

Сомонаҳои расмӣ

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

МИҲД вилояти Суғд
МИҲД вилояти Суғд

Ташрифкунандагон

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз137
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта764
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта4727
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта8220
mod_vvisit_counterҲамин моҳ36423
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта46742
mod_vvisit_counterҲамагӣ4025619

ИСТИҚЛОЛ

Powered by Joomla CMS.