шаблоны joomla

Матни равон
"Ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо дастовардҳои назаррас истиқбол мегирем"
Печать
PDF

Қурбониёни вабои аср-терроризм

(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

Имрӯзҳо дар ҷаҳон яке аз муаммои асосӣ ин терроризм ва экстремизм боқӣ мемонад, ва фаъолияти террористиву экстремистӣ ва муборизаи гурӯҳҳои тахрибкор дар тули якчанд солҳои охир ба таври шадид ба амал омад, ки хисороти ҷониву молӣ дар баъзе мамолики шарқ ба таври куллӣ ба қайд гирифта шудааст. Ҳамчунин амалҳои террористӣ то ҳатто дар баъзе мамолики мутараққӣ низ роҳандозӣ гардида, қурбониён бар асари ҳамлаҳои террористӣ ба садҳо ҳазор нафар расидааст. Тавре Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониашон дар маросими ифтитоҳи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд дар мавзӯи “Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез”, ӣки санаи 4-уми майи соли равон дар шаҳри Душанбе баргузор гардид қайд карданд, ки “Зарари ба иқтисодиёти кишварҳо расонидашуда садҳо миллиард долларро ташкил медиҳад. Танҳо дар қаламрави Афғонистон соли гузашта бар асари ҷангу амалҳои террористӣ беш аз 10 ҳазор нафар аҳолии осоишта зарар дида, тақрибан 4 ҳазор нафар қурбон шудаанд. Сию ду фоизи қурбониён ва 53 фоизи маҷрӯҳонро занону кӯдакон ташкил додаанд.”

 

Ҳамзамон дар шабакаи иҷтимоии Интернет дар сомонаи “Овози Амрико” оварда шудааст: “Давоми панҷ сол аз саршавии ҷанг дар кишвари Сурия 470 ҳазор сокинон қурбон шуда, 1,9 миллион нафар дар ин ҷангҳо маҷруҳ гардидаанд.” Ҳамчунин дар ин сомона оварда шудааст, ки Созмони Милали Муттаҳид шумораи қурбониёни ин ҷангро ба 270 ҳазор нафар расман ба қайд гирифтааст ва зиёда аз 4 миллион нафар ин кишварро тарк намудаанд.

 

Ба ин даҳшати ҳаллокатбор мардуми мо низ дар аввали ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ вохӯрда буданд, ки хисороташ ногуфтанист. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низ дар яке аз баромадҳояшон чунин қайд карданд, ки “Ҷумҳурии Тоҷикистон аввали солҳои 90-уми асри ҶҶ – ҳанӯз дар оғози бунёди давлати соҳибихтиёри худ ҳадафи амалҳои тахрибкоронаи террористону ифротгароён бо дастгирии хоҷагони хориҷии онҳо қарор гирифт. Дар он айём ниҳодҳои терроризми байналмилалӣ ва ифротгароён кишвари моро ба саҳнаи озмоиши қудрати маргбори худ ва ҳадафи ғаразҳои зиддиинсонӣ табдил дода буданд.” Ҳамон солҳо гуруҳҳои террористӣ бо дастгирии кишварҳои манфиатталаб тавонистанд ҷанги хонумонсӯзро болои мардумо мо таҳмил намоянд, ки яке аз ин гурӯҳҳо ҳизби наҳзат ба шумор меравад. Бо ба амал баровардани амалҳои тафриқаангез ва террористӣ зиёда аз 150 ҳазор нафар қурбон шудаанд. Аҳли маърифат ва адибони фарҳангсолори мо низ доир ба озори мардум, ноҳаққӣ дар ҳаёти инсон ва рехтани хуни фарзанди одам, ки яке аз шадидтарин гуноҳи инсон аст, хуб гуфтаанд:

Ба мардӣ, ки мулки саросар замин,

Наярзад, ки хуне чакад бар замин.

Дар умум қайд кардан зарур аст, ки ҷаҳони муосир дучори ҳодисаҳоест, ки ҳар яки мову шумо аз он огаҳ ҳастем. Густариши терроризму экстримизм чи хеле, ки дар боло зикр гардид яке аз хатарҳои азим барои амният, сулҳу осоиштагии ҳар як кишвару миллатҳо аст. Аз ин рӯ, нигоҳ доштани ваҳдату ягонагӣ аз ҳар гуна ихтилофҳо ба манфиати кор аст ва ҳифзи истиқлолият ва Ваҳдати миллӣ кафили саодати миллат аст. Бинобар ҳамин, ҳифзи сулҳу субот, ваҳдати миллӣ, тинҷию амонӣ ва муттаҳидӣ вазифаи ҳар як нафар шаҳрванди кишварамон бояд маҳсуб ёбад.

Б.Некхоҳ

Истиқлол дар расмҳо

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

Бахшҳои сомона

Муовинони Раис

Сомонаҳои расмӣ

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

МИҲД вилояти Суғд
МИҲД вилояти Суғд

Ташрифкунандагон

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз378
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта764
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта4968
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта8220
mod_vvisit_counterҲамин моҳ36664
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта46742
mod_vvisit_counterҲамагӣ4025860

ИСТИҚЛОЛ

Powered by Joomla CMS.