шаблоны joomla

Матни равон
"Ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо дастовардҳои назаррас истиқбол мегирем"
Печать
PDF

Нишасти матбуотӣ доир гардид

(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

Санаи 24-уми июли соли равон дар золи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр нишасти матбуотии раиси шаҳр оид ба натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии соҳоти мухталифи хоҷагии халқи шаҳр давоми нимсолаи аввали соли равон баргузор гардид, ки дар он намояндагони васоити ахбори оммаи маркази вилоят аз рӯзномаҳои “Садои мардум”, “Шуълаи умед” ,“Ҳақиқати Суғд”, “Суғд ҳақиқати”, “Согдийская правда”, “Тоҷикистон”, “Саломат бошед” ва АМИТ “Ховар” инчунин роҳбарони сохторҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва корхонаву муассисаҳо ширкат варзиданд.

 

Сараввал раиси шаҳр Худойназар Амонзода бобати фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр давоми нимсолаи аввали соли 2018 маълумот доданд. Баъд аз он аз ҷониби намояндагони васоити ахбори умум суолҳо бобати омодагиҳо ба таҷлили 30-юмин солгарди Истиқло-лияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷалби сокинони ба ҳунаромӯзӣ, бунёди иншо-отҳои сайёҳӣ, марказҳои рушди ҳунарҳои миллӣ, фаъолияти дастаи мунтахаби футболи шаҳр, рафти фаъолияти корхонаҳои саноатии шаҳр, ҳифзи муҳити зист, ҷалби мутахассисони маҳаллӣ ба кор, махсусан мутахассисони соҳаи тиб, вазъи муассисаҳои томактабӣ, рафти таъмини оби нӯшокӣ, масъалаҳои хизматрасонӣ, яъне бунёди иншоотҳои хизматрасонии иҷтимоӣ ба аҳолӣ ва дигар масъалаҳои мубрам пешни-ҳод гардида, аз ҷониби раиси шаҳр посӯхҳои қонеъкунанда дода шуд.

 

Махсусан раиси шаҳр таъкид намуданд, ки дар имрӯза ҳаёти шаҳрвандӣ васоити ахбори омма яке аз самтҳои муҳими фаъолияти тамоми соҳоти мухталифи хоҷагии халқ маҳсуб меёбад ва инъикоскунандаи раванди пешрафту ислоҳоти сиёсати идоракунӣ мебошад.

Қайд карда шуд, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр оянда тасмим дорад, ки барои рушди соҳоти мухталифи хоҷагии халқ, махсусан ҷиҳати беҳтар гардидани сатҳи зисту фаъолияти сокинон кӯшиш ба харҷ хоҳад дод.

Мухбири “НИ”

Истиқлол дар расмҳо

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

Бахшҳои сомона

Муовинони Раис

Сомонаҳои расмӣ

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

МИҲД вилояти Суғд
МИҲД вилояти Суғд

Ташрифкунандагон

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз474
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта1283
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта3546
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта9438
mod_vvisit_counterҲамин моҳ21457
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта39369
mod_vvisit_counterҲамагӣ4089311

ИСТИҚЛОЛ

Powered by Joomla CMS.