шаблоны joomla

Матни равон
"Ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо дастовардҳои назаррас истиқбол мегирем"
Печать
PDF

Омодагиҳо ба таҷлили ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳр

(0 votes, average 0 out of 5)

Санаи 18-уми июли соли равон дар золи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истиқлол Ситоди шаҳрӣ доир ба омодагиҳо ба таҷлили ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд, ки дар он сардори Саридораи геологии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзуллозода З.Қ., раиси шаҳр Худойназар Амонзода, муовинони раиси шаҳр, роҳбари дастгоҳи раиси шаҳр, мудирони бахшу шуъба ва дигар воҳидҳои дахлдори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, роҳбарони корхонаву муассисаҳо, раисони кумитаи маҳаллаҳо ва соҳибкорон ширкат доштанд.

 

Сараввал раиси шаҳри Истиқлол Худойназар Амонзода қайд карданд, ки бо мақсади татбиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19-уми декабри соли 2017, №968 “Дар бораи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” қарорҳои раиси шаҳри Истиқлол аз 20-уми марти соли 2018, таҳти №55 “Дар бораи таҷлили 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва аз санаи 4-уми апрели соли равон “Дар бораи эълон намудани 1300 рӯзи меҳнати зарбдор ба истиқболи 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба тавсиб расида, нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр оид ба ташкили корҳои созандагиву ободкорӣ, бунёд ва баистифодадиҳии корхонаҳои хурду бузург, муассисаҳои томактабӣ, таълимӣ ва марказҳои хизматрасонӣ, мағозаҳо, ҳамомҳо, аз таъмир баровардани бинои муассисаву корхонаҳо, мумфарш намудани роҳҳо ва дигар корҳои созандагӣ тасдиқ гардидааст. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр тасмим дорад, ки ҷашни 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар сатҳи баланд ва бо дастовардҳои назаррас пешвоз гирад.

 

Сипас сардори Саридораи геологии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзуллозода З.Қ. доир ба итмом ёфтани қисмати ташкилии омодагӣ ба ин ҷашни бузург, яъне ба тавсиб расидани қарорҳои раиси шаҳр ва нақшаи чорабиниҳо суханронӣ намуда, қайд кард, ки минбаъд ҳар як аъзои Ситод ё масъули ин ё он сохтори давлатӣ оид ба рафти иҷрои нақшаи чорабиниҳои омодагӣ ахборот ё маълумоти саҳеҳ ва дақиқро ба унвони Ситод пешниҳод намояд. Дар асоси гузориши муфассали Ситод ба унвони намояндаи Ситоди ҷумҳуриявӣ ахбороти хаттӣ ба Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳу-рии Тоҷикистон пешниҳод карда мешавад.

Ҳамзамон Файзуллозода З.Қ., оид ба иҷрои саривақтии ҳар як банди нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр оид ба омодагиҳо бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, махсусан дар масъалаи бунёди корхонаҳои хурду бузург, бунёди муассисаҳои таълимӣ, мағозаҳо ва дигар иншоотҳои ҷашнӣ, мумфарш намудани роҳҳо, ва бунёди боғу гулгаштҳо масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва дигар нафарони масъулро муфассал вазифагузорӣ кард.

Ҳамчунин Файзуллозода З.Қ. доир ба масъалаҳои кабудизоркунӣ, шинонидани гулу дарахтони сояафкан ва умуман нигоҳубини лозимаи мавзеъҳои осоишӣ ва фароғатӣ, таъмини оби нӯшокӣ ба аҳолӣ, ҳалли муаммои корхонаи металлургӣ, ба истифодадиҳии иқтидорҳои саноатӣ дар КВД “Нури Ховар”, тозагии гирду атроф ва дигар масъалаҳо аз ҳар як масъул ва роҳбари ин ё он ташкилоту идора ва корхонаю муассисаҳо пурсиш ба амал оварда, дархост кард то дар иҷрои ӯҳдадориҳои хеш бомасъулият бошанд.

Қайд гардид, ки дар ҳар як Ситод, ки оянда ташкил мешавад, ҳар як аъзои он аз рафти фаъолияти хеш муфассал маълумот хоҳад дод.

Файзуллозода З.Қ. қайд кард, ки иштироки ҳатмии ҳар як аъзои Ситод-роҳбарони корхонаю муассиса, идораву ташкилот ва махсусан кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дар рафти ташкили ҷаласаву вохӯриҳо бояд ташкил карда шавад.

Дар охир раиси шаҳр Худойназар Амонзода қайд карданд, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва фаъолони шаҳр бобати иҷрои саривақтии нақшаи чорабиниҳои омодагӣ ба таҷлили 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тамоми имконоти мавҷуда истифода бурда, кӯшиш ба харҷ хоҳанд дод.

Мухбири “НИ”

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Истиқлол дар расмҳо

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

Бахшҳои сомона

Муовинони Раис

Сомонаҳои расмӣ

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

МИҲД вилояти Суғд
МИҲД вилояти Суғд

Ташрифкунандагон

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз200
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта1885
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта8574
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта11381
mod_vvisit_counterҲамин моҳ5275
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта39369
mod_vvisit_counterҲамагӣ4073129

ИСТИҚЛОЛ

Powered by Joomla CMS.