шаблоны joomla

Матни равон
"Ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо дастовардҳои назаррас истиқбол мегирем"
Печать
PDF

Ислом ба зоти худ надорад айбе

(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

Аз он ифтихор дорем, ки соҳибватанем ва дар фазои ин ватани азизамон-Тоҷикистон сулҳу суботи комил ҳукмфармост ва мо сокинон дар маҳалли осоиш иқомат ва ибодат менамоем, ки шукргузорӣ аз ин ҳама ҳам қарзу ҳам фарз аст. Лозим ба қайд аст, ки шукрона дар кишварамон тамоми рукнҳои дини мубини Ислом риоя гардида, давлату Ҳукумати кишвар бо роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фарҳанги динии мардум аҳамияти аввалиндараҷа медиҳанд. Масалан солона ба зиёрати Хонаи Худо рафтани 6 ҳазор нафар шаҳрвандон, таҷлили Иди Қурбон ва Рамазон ҳамчун ҷашни давлатӣ, ба нашр расидан ва ройгон тақдим намудани якчанд номгӯйи китобҳои динӣ, фаъолияти муассисаи таҳсилоти олии динӣ ва ғайра аз он дарак медиҳад. Аз ин ҳама ҳар фарди бедордил бояд хулоса барорад ва барои тинҷиву осудагӣ дар кишвар талош варзад.

Лекин ин дастовардҳои муборакро ба назар нагирифта баъзе гурӯҳу фардҳои гумроҳ имрӯзҳо бо амалҳои зишти хеш ба бадном намудани дини мубин амал карда истодаанд, ки ин амали эшон хилофи фарҳанги динӣ аст ва ба Ислом ягон робитае надорад. Аз рӯи баъзе ривоятҳои динӣ Паёмбар Муҳаммад (С) дӯстдори сулҳу осоиш буданд ва некиву накӯкориро тарғиб менамуданд, на ҷиҳоду қатлу ғорату хиёнатро, ки аксари фаъолияти ин гумроҳон, бахусус наҳзатиҳо ба амалҳои зишт нигаронида шудааст.

Ҷойи дигар Паёмбари ислом фармудаанд, ки он кӣ бар мо силоҳ кашад ва он кӣ ба мо хиёнат кунад аз мо нест, вале ин ҳукмро наҳзатиҳо ва дигар гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ дидаю дониста поймол намуда, ба манфиати хеш ва хоҷагони хориҷиашон амалҳои ноинсонона ташкил намуданд.

Ахиран аз ҷониби як гурӯҳи ҷавонони ноогоҳу гумроҳ ва золимсиришт бо дастури нопоки наҳзат ва дигар гурӯҳҳои террористӣ якчанд сайёҳонро куштанд. Ин амали эшон бори дигар аз лаънаткардаи Худо будани ин афроди қотил шаҳодат медиҳад.

Дар охир ҳаминро қайд карданиям, ки дар шароити имрӯзаи ҷаҳони ноором бояд ҳар яки мо ҳушёр бошем ва дар роҳи мубориза бо ин гурӯҳҳои тундрав ҷасур бошем, зеро ҳифзу ҳимоя ва дӯст доштани Ватан аз имон аст.

Бошад, ки Худованд ватанамонро дар тинҷиву оромӣ нигоҳ дорад ва сокинони Тоҷикистони азизро саодатманд гардонад.

Т.Ҷумабоев,

имомхатиби масҷиди ҷомеи шаҳр

Истиқлол дар расмҳо

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

Бахшҳои сомона

Муовинони Раис

Сомонаҳои расмӣ

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

МИҲД вилояти Суғд
МИҲД вилояти Суғд

Ташрифкунандагон

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз352
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта764
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта4942
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта8220
mod_vvisit_counterҲамин моҳ36638
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта46742
mod_vvisit_counterҲамагӣ4025834

ИСТИҚЛОЛ

Powered by Joomla CMS.