шаблоны joomla

Матни равон
"Ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо дастовардҳои назаррас истиқбол мегирем"
Печать
PDF

Сенарияи навбатии Муҳиддин Кабирӣ

(0 votes, average 0 out of 5)

Пӯшида нест, ки дар як муддати кӯтоҳ парда аз рӯйӣ ҳизби террористии наҳзат ва роҳбарони он бардошта шуда, он ҳама нақшаву ниятҳои муғризонаашон рӯйи об баромад. Чунин ранг гирифтани корро ҳатто роҳбарони наҳзат тасаввур намекарданд ва дар интизораш ҳам набуданд. Ин ҳолат роҳбарони ташкилот, аз ҷумла худи Муҳиддин Кабириро бисёр нороҳат карда, дар ҳолати шок афтидааст.

Он факту далелҳое, ки яке аз поягузорони ҳизби наҳзат аз лаҳзаи ба фаъолият шуруъ намудани он то имрӯз, Аёмиддин Сатторов, ба қавли наҳзатиҳо «Мавлавӣ»-и ташкилот дар филми «Бозгашт аз ҷаҳаннам» ба таври возеҳу равшан ва содда ба мардуми кишвар ва ҷомеаи ҷаҳонӣ расонид, дигар наҳзатиҳо давои дарди худро наёфтанд. Далелҳои овардаи мулло Аёмиддин барои Кабирӣ масали бемории саратонро мемонад, ки табибон дар табобаташ оҷизанд. Кабирӣ ва ҳаммаслаконаш чигуна аз ҳолати ногувор баромаданро андеша намуда, оқибат шахсеро киро карданд ва ҳамчун корманди мақомоти қудратии кишвар муаррифӣ сохтанд. Бо дидани навори суханронии ин мард ҳатто хонанда намедонад гиряд ва ё хандад. Чунин суханонро ҳатто аробакашони бозор низ метавонанд дар телефон сабт карда, дар фейсбук интишор намоянд. Чун интернет шаҳри бедарвозаест ва ҳар кас метавонад чизе, ки хоҳад гуяд. Чӣ хеле мегуянд «забон - марди паҳлавон».

Мо ҷамъияти тоҷикони Малайзия аз тамошои навори мазкур ба хулосае омадем, ки бо ин роҳ Кабирӣ хостааст таваҷҷуҳи миллатро баъди пахши суҳбати мулло Аёмиддин каме аз худ дур сохта, ҳизбакашро аз вартаи нанг берун барорад. Чунин як кӯшиши дигарро баъди номуваффақ анҷом ёфтани ташкили эътилоф дар шаҳри Дортмунди Олмон моҳи июли соли равон бо ташкил намудани флешмобҳои қалбакӣ оид ба қазияи Ҳамзаи бемор низ рӯйи даст гирифта буданд. Он замон низ хоста буданд аз беобрӯшавӣ ва ҷалб намудани таваҷҷӯҳи ҷомеа раҳо ёбанд. Аммо бехабар аз он ки худро дубора шарманда сохтанд. Инро дар хотир доред, ки чунин спектаклҳо дигар намегузарад.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Истиқлол дар расмҳо

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

Бахшҳои сомона

Муовинони Раис

Сомонаҳои расмӣ

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

МИҲД вилояти Суғд
МИҲД вилояти Суғд

Ташрифкунандагон

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз1724
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта1198
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта7277
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта10889
mod_vvisit_counterҲамин моҳ2922
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта39369
mod_vvisit_counterҲамагӣ4070776

ИСТИҚЛОЛ

Powered by Joomla CMS.