шаблоны joomla

Матни равон
"Ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо дастовардҳои назаррас истиқбол мегирем"
Печать
PDF

Ифтитоҳи аввалин эстакада дар маҳаллаи 82-юми шаҳри Душанбе

(0 votes, average 0 out of 5)

ДУШАНБЕ, 05.09.2018. 5 сентябри соли 2018 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар маҳаллаи 82-юми пойтахт дар маросими ифтитоҳи аввалин эстакада дар Тоҷикистон иштирок намуданд. Эстакадаи мазкур дар доираи амалишавии лоиҳаи “Беҳтар намудани ҳолати роҳи минтақавии Душанбе — Турсунзода, қитъаи роҳ аз буриши хиёбони Сино бо хиёбони Исмоили Сомонӣ то дарвозаи ғарбии шаҳри Душанбе” бунёд гардидааст.

Ёдовар мешавем, ки сохтмони ин эстакада 22 июли соли 2016 бо иштироки бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оғоз гардида буд ва он вақт Сарвари давлат ба фармоишгарону паймонкорони иншоот ҷиҳати бо сифати баланд ва дар муҳлати муайяншуда ба сомон расонидани корҳои сохтмонӣ дастуру ҳидоятҳои мушаххас дода буданд.

Инак муҳандисону роҳсозони варзидаи ватанӣ дар ҳамкорӣ бо ҳамтоёни хориҷии худ дар асоси дастуру супоришҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иншоотро дар муддат ду сол бо сатҳу сифати баланд дар рӯзҳои таҷлил аз 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Чорсӯи нав аз 3 сатҳ иборат буда, дар буриши хиёбони Нусратуло Махсум бо хиёбони Бобоҷон Ғафуров қарор дорад. Дар сатҳи дуввуми чорроҳа роҳи давродаврие бунёд шудааст, ки ҳаракати нақлиёт дар он тавассути нишонаҳои махсус роҳнамоӣ карда мешавад. Дар сатҳи сеюм аз самти шарқ ба ғарб кӯпрук бо дарозии 125 метр ва паҳноии 24,8 метр мегузарад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни боздид аз ин иншоот ва суҳбат бо роҳсозон ба ҷараёни корҳои сохтмонӣ баҳои баланд доданд ва ҷиҳати назорати роҳи мазкур, ки бо меъёрҳои ҷаҳонӣ бунёд ёфтааст, масъулинро муваззаф намуданд. Дар лоиҳаи сохтмони эстакада 4 роҳи зеризаминӣ низ бо дарозии умумии 236 метр барои роҳгузарон бунёд шудаанд.

Тавре иттилоъ дода шуд, агар то ба имрӯз барои роҳҳои ҳудуди мамлакат асфалти бузургдона ва майдадона истеҳсол ва истифода мегардид, акнун дар роҳи сеқабата ҳамаи қитъаҳо бо асфалти замонавӣ бо иловаи маводи кимиёвие, ки рӯйпӯши роҳро устувору қавӣ ва ба лағҷиш тобовар менамояд, амалӣ гардидааст. Ба гуфти масъулин, ин навъи асфалт бори нахуст дар Тоҷикистон истифода мегардад ва муҳлати баҳрабардорӣ аз он назар ба дигар намуди он 4 – 5 сол зиёдтар мебошад. Лоиҳаи сохтмони эстакада дар шаҳри Душанбе дар заминаи ҳамкории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Бонки аврупоии таҷдид ва рушд ва Бонки осиёии сармоягузории инфрасохторӣ амалӣ шудааст ва дар доираи он нақби барқи баландшиддат бо дарозии 730 метр бунёд гардидааст. Барои рӯшноидиҳӣ 121 сутунпоя насб шудаанд.

Фармоишгари иншоот Вазорати нақлиёт – Маркази татбиқи лоиҳаҳои таҷдиди роҳҳо ва паймонкори лоиҳа Корпоратсияи роҳҳо ва кӯпрукҳо “Синдзян-Бейсин” –и Ҷумҳурии Мардумии Чин буда, сифати сохтмонро Ширкати машваратии «SAI»-и Ҳиндустон назорат бурдааст. Дар доираи корҳои сохтмонӣ ҳамчунин навсозии системаи муҳандисии зеризаминӣ, аз ҷумла, оби нӯшокӣ, гармидиҳӣ, хатҳои алоқа, газ, равшанидиҳии замонавӣ, хатсайри троллейбус, сабзазоркунии гулгашту роҳравҳо ва як қатор тадбирҳои дигар амалӣ карда шудаанд.

Ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар роҳи сеқабата бо нишонаҳои роҳ ва хатандозиҳо танзим мегардад. Баробари анҷоми дигар корҳои сохтмонӣ дар доираи лоиҳаи эстакада ҳамчунин такядеворҳои рӯизаминӣ бо дарозии 568 метр ва зеризаминӣ бо дарозии 480 метр бунёд шудааст.

Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки барои анҷоми корҳои сохтмонӣ муосиртарин техникаи соҳавӣ ҷалб гардида буд ва назорати сифати корҳои бунёдӣ аз ҷониби коршиносони байналмилаливу дохилӣ ба таври доимӣ роҳандозӣ мегардид. Ҳангоми корҳои сохтмонӣ дар ин иншооти транзитӣ 240 нафар бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин буданд, ки наздик ба 80 дарсади онҳоро мутахассисони варзидаи маҳаллӣ дар бар мегирифт.

Бояд таъкид дошт, ки татбиқи босамару босифати лоиҳаҳои коммуникатсионӣ, бунёди роҳҳои оҳану мошин, нақбҳо ва пулҳо барои расидан ба яке аз ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, яъне баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ муҳиму саривақтӣ мебошад.

Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар»

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Истиқлол дар расмҳо

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

Бахшҳои сомона

Муовинони Раис

Сомонаҳои расмӣ

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

МИҲД вилояти Суғд
МИҲД вилояти Суғд

Ташрифкунандагон

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз53
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта1992
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта6542
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта11381
mod_vvisit_counterҲамин моҳ3243
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта39369
mod_vvisit_counterҲамагӣ4071097

ИСТИҚЛОЛ

Powered by Joomla CMS.