Амният
Арҷгузорӣ ба фарҳанги динӣ
Дар кишвари азизамон Тоҷикистон баъди ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ ба фарҳанги динии мардуми кишвар, алалхусус ба дини мубини Ислом таваҷҷуҳи махсус равона шудааст. Барои исботи ин гуфтаҳо мехоҳем якчанд мисол орем. Тибқи иттилои сарчашмаҳои муътамад айни ҳол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳудуди 4000 иттиҳодияҳои динӣ ба қайд гирифта шудаанд, ки 3931 - тои онро иттиҳодияи динии исломӣ ташкил медиҳад.
Мардум гувоҳанд
Мардуми шарифи Тоҷикистон медонанд, ки ҳанӯз дар солҳои навадуми асри гузашта наҳзатиҳо чӣ кор карданд? Яъне мо хун мехурдему онон таблзанӣ. Бо якчанд сокинони вилояти Хатлон, ки шоҳиди ин ҷангҳои таҳмилӣ буданд, ҳамсӯҳбат шудем, гуфтанд, ки ин афроди ҳанноту найрангбоз ва авомфиреб баъди оғози ҷанг мардуми оддиро, ки вақте бо содиқии хеш ба сафи ҳизби коммунист дохил шудаанд, кофир гӯён то ҳатто парронданд, ки ҳамсӯҳбати мо баъди хӯрдани тири ин нохалафон бо сабаби умри дароз зинда мондааст. Қайд карданд, ки ононро мешинохтем ва яку якбора иваз шудаву “зоҳиду мулло” шуданд. Дар ин маврид байти устод Соиб ба хотирам меояд:
Душмани хонагӣ аз хасми бурунӣ батар аст,
Бештар шикваи Юсуф зи бародар бошад.
Ҳизби террористик ҳаракатларга қарши
«Ислом динининг асл мақсади инсонларни адлу инсоф, шафқату, муҳаббат, тичлигу осойишталик руҳида тарбиялаш бӯлиб, ҳар қандай зӯровонлик, бузғунчилик, қатл ва ғоратни қоралаш бӯлиб, хусусан мусулмонлар орасида бу каби кӯринишлар юз беришига буткул қаршидир»
ЭМОМАЛИ РАҲМОН
Ҳаёт таҷрибалари исботлаб берди-ки, ҳамма давр замонларда шундай инсонлар бӯлишганки икки юзламачилик йӯли билан «обрӯ эътиборли инсонлар » номзодига етиш учун, аввало диндан фойдаланишган (яъни ислом динини ниқоб қилиб олишган ) ҷумладан ҳали мафкуравий ҷиҳатдан тӯлиқ шаклланмаган инсонларга, диний таълим бериш ниқоби остида ҳар хил алдов йӯллар билан уларни онгига қӯпорувчилик ғояларини сингдиришга урунишганлар ва урунишмоқдалар. Улар туфайли инсонлар ӯртасига солинган низо мустаққилликка ҳам, ҷамият тараққиётига ҳам катта ғов бӯлди.
Бар зидди терроризм
Таърих гувоҳ аст, ки дар ҳеҷ замоне,
Тоҷик ба хоки дигаре аз сари кина,
Бо ҳамҳамаю дамдама лашкар накашидаст.
Таърих гувоҳ аст, ки дар арсаи таърих,
Тоҷик зи роҳи ҳасаду ҷаҳлу таассуб,
Бар фарқи саре найзаю ханҷар накашидаст.
(Лоиқ)
Рӯҳат шод бод устод! Ҳарфҳоят баъди ту ҳам то имрӯз дардхӯри синаҳост, эй кош, ин ҳарфҳоро бархе аз нохалафони хурофотие, ки худ ҳеҷанду боз ба захмҳои синаи дар тӯли таърих пора–пора шудаат намак мепошанд, мешуниданду медонистанд!
Ва дар ҳақиқат таърих гувоҳ аст, ки миллати тамаддунофари тоҷик аз рӯйи ҷаҳлу таассуб ба саре касе ханҷар накашида, касеро тороҷ накарда ва ҳаргиз аз сари кина ба хоки касе қадам нагузошта!